Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

Пӯлод Қодиров истеъфо дод ва ё ӯро ба «истеъфо» равон карданд?

2 август 2011, 05:39

Пӯлод Қодиров, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон аз мақоми худ истеъфо дод.


Рӯзи 1-уми август дар ҷаласаи шӯрои кумитаи иҷроияи ФФТ аризаи истеъфои Пӯлод Қодиров аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон пазируфта шуд. Сабаби истеъфои сармураббӣ, натоиҷи ғайриқаноатбахши дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 бо тими миллии Сурия мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи худ- ба даври сеюми сабқати интихобӣ роҳ ёфтан набаромад.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи расмии тими футболи «Истиқлол»-и Душанбе таҳти унвони «Пӯлод Қодиров аз вазифаи сармураббии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ба истеъфо фиристода шуд» матлаберо бо забони русӣ ба нашр расонидааст. Дар идомаи ин мавод аз ҷумла омадааст: «Аз сабаби бозиии ғайриқаноатбахш бо тими миллии Сурия (ҳисоби умумӣ 1:6) ва аз идомаи сабқат барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон-2014 маҳрум шудани тими мунтахаби Тоҷикистон, шӯрои иҷроияи Федератсияи Футболи Тоҷикистон қарор дод, ки Қодиров Пӯлод Хушвақтовичро аз симмати сармурабии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барканор намояд».
Аммо бо гузашти чанд соат ва бо кадом сабабе ФФТ қарори аввалаашро дигар карда, наҳваи хабарро ҳам тағйир додааст, менависад  www.fc-istiklol.tj/ :
«Пӯлод Қодиров худаш аризаи истеъфоро барои рафтан аз вазифаи сармураббии тими футбол навишт ва ФФТ хоҳиши ӯро пазируфт»,-иттилоъ медиҳад ФФТ. Дар маҷмӯъ- сирки ҳақиқӣ. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!