Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:31

Се садамаи нақлиётӣ ҷони 11 нафарро гирифт

10 ноябр 2013, 14:58

Бар асари се садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзҳои 8 ва 9 ноябр дар қаламрави кишвар ба вуқуъ пайваст, 11 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Бино ба иттилои БДА-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 8 ноябр ронандаи сабукрави «Мерседес-Бенс» Бобоёр Файзиеви 37 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҳангоми ҳаракат дар километри 244-и шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд идораи мошинро аз даст дода, ба дарвозаи даромадгоҳи шаҳри Истаравшан бармехӯрад. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ се мусофири ин нақлиёт – Анварҷон Турсунови 28 сола, Саидҷон Муҳиддинови 38 сола ва як нафар мусофири шахсияташ номаълум дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

«Ронанда Файзиев Б. ва мусофири дигари ӯ Аслонхуҷа Шохоҷаев, соли таваллудаш 1989 ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Автомашинаи мазкур, ки бо гази моеъ таҷҳизонида шуда буд, дар натиҷаи бархӯрдан сӯхтор ба амал омада, онро пурра корношоям гардонидааст»,-хабар медиҳад манбаъ.

Ҳамчунин, дар ҳамон рӯз (08.11.2013) ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Мансур Ҳаитов, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Фахрободи ноҳияи Хуросон, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдухолиқ Ғиёсов, соли таваллудаш 1993, сокини деҳаи Фахрободи ноҳияи Хуросонро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. «Сипас ҳаракаташро давом дода, дар километри 47-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қурғонтеппа, дар ҳудуди деҳаи Даҳана-киики ноҳияи Хуросон бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба канори чапи роҳ баромада чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст»,-навиштааст торнамои ВКД.

Сониҳаи сеюм субҳи рӯзи шанбеи 9 ноябр дар ҳудуди ноҳияи Файзобод ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин садама, ки ду мошини тамғаи «Опел» ба ҳам бархӯрдааст, сарнишинҳои онҳо- Юсуфи Фирдавсӣ, соли таваллудаш 1979 ва Сабзалӣ Олимов, соли таваллудаш 1985, ҳамчунин чор мусофири ин ду мошин ба ҳалокат расидаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Некбахт.

  • 10 ноябр 2013 15:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мегуянд соле,ки накуст аз бахораш пайдост! Ин хамааш паи кадами нави чанобтон мебошад. Озодагон инро чоп намоед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инна лиллохи ва инна илайхи рочеъун. Ба ахли байти фавтидахо аз даргохи Худованди карим сабри чамилро хохонам. Эхтиёт Ними Хаёт.
Посух додан
  • AJN

  • 10 ноябр 2013 19:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МУСОФИРИ ДИГА КУРБОНОВ ХУРСАНД С/Т 1979 ИСТИКОМАТКУНАНДАИ Н.ШУРООБОДИ В.ХАТЛОН

МУСОФИРИ ДИГАР САДАМАИ (МЕРСЕДЕС БЕНС ) КУРБОНОВ ХУРСАНД СОКИНИ Н.ШУРООБОД С/Т 1979

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!