Моҳи ноябр ним шуд, Ҳасани Рӯҳонӣ кай ба Тоҷикистон меояд?
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Ҳасан Рӯҳонӣ -- раисиҷумҳури тозаинтихоби Эрон, ҳоло ба Тоҷикистон намеояд.
Як манбаъ аз вазорат дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, сафари Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон кай сурат мегирад, маълум нест. Ба гуфтаи ӯ, дар ин бора ҳоло аз сӯи Теҳрон ҳам пешниҳоде нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан хабаргузориҳо бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати кишвар аз анҷоми сафари раисиҷумҳури нави Эрон ба Тоҷикистон дар ибтидои моҳи ноябр хабар дода буданд. Сарусадоҳо атрофи боздиди Рӯҳонӣ аз Душанбе дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ аз сӯи ҳукумати Эрон сармоягузорӣ мешаванд. Ба эҳтимоли қавӣ, дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон масоили сохтмон ва мавриди истифода қарор гирифтани нақби “Истиқлол” ва агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” ба баррасӣ гирифта шавад.
Агрегати 2-юми “Сангтӯда-2” қарор буд дар ибтидои соли ҷорӣ ба кор дарояд. Вале ба далели пурра омода набудани ин агрегат он ба таъхир гузошта шуд. Соҳибназарон мегӯянд, сабаби ба таъхир афтодани баҳрабардорӣ аз агрегати 2-и “Сангтӯда-2” метавонад, қарзҳои пардохтнашудаи ширкати “Барқи тоҷик” аз ин нерӯгоҳ бошад. Дар нимаи аввали соли 2013 қарзи “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” ба 86 миллион сомонӣ ё худ 17,9 миллион доллар расидааст.
Инчунин бояд қайд намуд, ки баъд аз ба анҷом расидани ваколати дипломатии Алиасғари Шеърдуст, сафири Эрон дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз сӯи Теҳрон ба ин мақом касе таъйин карда нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |