Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:09

Тими Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар Боку 12 медал гирифт

2 август 2011, 06:51

Якҳарбаи шарқӣ феълан дар Тоҷикистон хеле рушд кардааст.


Яке аз намудҳои ин шохаи варзиш «ню-фул контакт»  ба ҳисоб меравад. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чанде қабл дастпарварони ин ришта аз ҷумҳурии мо дар мусобиқоти ҷаҳонӣ, дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бо  гирифтани 5 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ мушарраф гардиданд.

Гуфта мешавад, дар чемпионати мазкур варзишгарони кишварҳои Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон, Ҷопон, Туркия, Аморати муттаҳидаи Араб ва ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Хайати намояндагони Тоҷикистонро варзишгарон дар се синну сол ташкил медод. Барандагони медали тилло Ибод Нурхонов дар вазни 35 кг, Носеҳҷони Абдурофеъ дар вазни 25 кг, Сангалӣ Ҷалилов дар вазни 48 кг, Мустафо Давлатов дар вазни 57 кг ва Зулфалӣ Латифов дар вазни 67 кг ба ҳисоб мераванд.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, Аслиддин Абдуллоев дар вазни 67 кг, Фарид Мирзошоев дар вазни озод ва Муҳаммад Лолаев дар вазни 23 кило медалҳои нуқра ба даст оварданд. Мақоми сеюм ва ҷоизадорони медали нуқра бошанд, Абубакр Қосимов дар вазни 42 кг, Билол Насруллоев дар вазни 30 кг, Ҷахонгир Асадов дар вазни 40 кг ва Иброҳим Қурбонов дар вазни 20 кило шинохта  шуданд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!