Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:14

“Регар-тадАЗ” рақиби “Истаравшан” аст, “Истиқлол” ҳарифи ССКА “Помир”

12 ноябр 2013, 16:25

Фардо, 13 ноябр даври 21-уми мусобиқоти футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешавад.

Дар ин давр “Энергетик”-и Душанбе бо «Равшан”-и Кӯлоб қувваозмоӣ мекунад. Ин бозиро, ки дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт доир мегардад, Равшан Ишматов аз Кӯрғонтеппа доварӣ хоҳад кард.

Дар дидори дигар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа меҳмони “Хайр”-и Ваҳдат мешавад. Довари бозӣ Хуршед Дадобоев аз шаҳри Хуҷанд аст. “Парвоз”-и Бобоҷон Ғаффуров дар варзишгоҳи худ бо “Хуҷанд”-и Хуҷанд қувваозмоӣ мекунад. Диловаршоҳ Орзуев аз Ҳисор довари ин сабқат аст. Рақобати “Регар-тадАЗ”-и Турсунзода ва дастаи “Истаравшан”-и Истаравшан зери доварии Раҳмон Муртазоев (Душанбе) дар варзишгоҳи “Металлург” баргузор мешавад.

Ҳамчунин, фардо як бозии мавқуфмондаи даври 15-ум миёни дастаҳои ССКА “Помир»и ва “Истиқлол-и Душанбе доир мегардад. Довари бозӣ Баҳром Саъдуллоев аз Қӯрғонтеппа бада, қувваозмоӣ дар варзишгоҳи ССКА-и Вазорати мудофиа мегузарад.

Оғози ҳамаи бозиҳо соати 14:00.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухлис

  • 13 ноябр 2013 08:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз Равшани КУЛОБ чемпиониро интизорем! Равшан ба пеш!!!!!!!!!!!!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!