Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:36

Ташхиси матлаби Тутубалина ба уҳдаи Кумитаи истилоҳот вогузор шуд

13 ноябр 2013, 12:03

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, имрӯз, 13-уми ноябр ташхиси лингвистии матлаби баҳсбарангези муҳаррири “Азия Плюс”, Олга Тутубалинаро ба уҳдаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон гузоштааст.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Иноят Иноятов, вакили дифои Олга Тутубалина хабар дода, афзуд, ки баъди дастрас намудани ин таъиноти додрас, масъалаи шикоят аз болои онро баррасӣ хоҳанд кард. Иноятов дар шарҳи норозигияш аз ин таъинот гуфт, ҷониби ҳимояи Тутубалин бовар надорад, ки Кумитаи забону истилоҳот ташхиси холисона хоҳад гузаронд.

Иноят Иноятов мегӯяд, дар дохили Тоҷикистон танҳо ду ниҳод -- Кумитаи забон ва истилоҳот, таҳти роҳбарии Додихудо Саймуддинов ва Пажуҳишгоҳи забону адабиёт ташхиси лингвистикӣ мегузаронанд, ки ҳардуяшон то ҷое ба Акдемияи улум алоқа доранд. Дар ҳоле ки Академияи улум яке аз даъвогарон аст, Иноят Иноятов пешниҳод дорад, ташхиси лингвистикӣ дар хориҷи Тоҷикистон гузаронда шавад.

Ин пешниҳоди ҷониби Тутубалинаро намояндагони зиёиён танҳо баҳона барои ба дарозо кашидани мурофиаи додгоҳӣ арзёбӣ мекунанд.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.

Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин ҳафтаномаи "Азия+"ро кайҳо бояд бар абад мебастанд. Зеро дар ҳар як шумораи он истиқлолияти Тоҷикистон зери тамасхур қарор гирифта, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таърифу тавсиф мегардад ва ниҳодҳои кишвар интиқоди беасос мешаванд. Борҳо дидаам, ки ҳатто миллати тоҷикро наҳ зада, мақолаҳои масхараомез чоп мекунанд ва зери мақола ному насаби муаллифро нанависта фақат "Азия Плюс" менависанд. Ҳолоки пас аз ҳар як маводи чопшуда бояд ному насаб ва вазифаи муаллиф дарҷ гардад. Касе бовар накунад, метавонад дилхоҳ шумораи он ҳафтаномаро варақ занад. Дар аксари ҳолат ба ҷои муаллиф фақат "Азия Плюс" мебинед. Хонандаҳояш асосан узбакҳо, тоҷикони русшуда ва баъзе аз хориҷиёанд, ки аз ҳамин ҳафтанома "маълумоти дасти якум" мегиранд. Муассиси он Умед Бобохонов барои халқ ва миллати худ хизмати хирсона кард! Умедворам, ки Додихудо Саймуддинов ташхиси дурусти забонӣ мекунад, зеро худи ӯ ва кормандонаш низ, ба сифати зиёиёни тоҷик, аз ҷумлаи дашномшудагонанд. Д. Саймуддинов ҷавонмарди бо нангу номус аст.
Посух додан
  • Иброхим аз Канъон

  • 13 ноябр 2013 18:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Юсуф,
Чаро шумо ному насаб ва вазифаатро нанавишти? Агар марди пурра навис. Вакте "Азия+"ба сифати муаллиф навишта шудааст, пас ин макола дидгохи идораи рузнома аст. Аз рузноманигори хабар надорию донотароши мекуни. Рафта подабони кардан гир...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй бародар Юсуф агар ба фикрат Дустов рози бошад аклаш аз ту ва зиеиене ки ту мехисоби беш нест Чи магар ту хаети виртаули дори е ин ки аз дигар саера афтодаи Ба ки мехохи конунро фахмони ба Росия Шумо ва зиеиене ки ту химоят дори дар дохили Точикистон ба гайр аз хамду сано дигар чизеро намедонанд акалан коре карданатон лозим ки низои байни миллатхоро бамиен наоред Вази миллати точик дар Росия чи хел аст хамагон хуб медонанд ва боз шумо бо судбозихои чоплусонаатон ки ба гайр аз карорхои фармоиши дигар чизе ва буйи умеде интизори нест холи мухочиронро ки як рузи сиех аст мехохед боз хам вазнинтар гардонед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Юсуф. Шумо чаро ба академик Масов барин касоне ки русгаро хастанд хеч чиз намегуед? Бобохонов рузнома дорад ва дар чахорчубаи конуни ЧТ рузнома чоп мекунад. Шумо мехохед ки Азия + хам ба сатхи Шумо поин ояд ва нависад. Ягона рузнома хало дар Точикистон хамин мондааст. муштокони Азия+-ро русшуда нагуед! Ман хам чун точик аз хамин хел точике ки сатхаш мисли шумо аст, яъне безор аз хар чизе ки у намефахмад, безорам!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба гуфтахои Юсуф свд дар сад розиям. "Азия Плюс" бояд ба "Россия Плюс" табдили ном кунад.
Посух додан
  • зур

  • 22 ноябр 2013 21:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Олга сад дар сад рост мегуяд.Аввал маколаашро хонед.баъд ин Бозор хар кучо ки рафт бозаргони дорад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!