Бахшҳо

Раҳим Масов: "Фархор таърихи беш аз 4 000-сола дорад"

Дар пайи як Экспедитсияи байналмилалии археологӣ маълум шуда, ки ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад.

Академики тоҷик Раҳим Масов дар суҳбате ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, ин экспедитсия моҳҳои сентябр-октябри соли равон анҷом шудааст. Ба гуфтаи ӯ донишмандони маъруфи тоҷик ва Русия шомили ин экпедитсия будаанд.

Раҳбари Институти таърих, археология ва этнографияи Академияи улуми Тоҷикистон афзуда, ки дар китоби “Ҳудуд-ул-олам” дар феҳрасти қадимтарин маҳалҳои аҳолинишини минтақаи Кӯлоб Мунк (ҳоло Ховалинг), Ҳулбук (дар ҳудуди ноҳияи Восеъ) ва Палғар, Паргар (ҳоло Фархор) номбар шудааст.

Ба гуфтаи академики тоҷик, дар манбаъҳои археологӣ арқоми мухталифе перомуни таърихи Фархор мавҷуд мебошад ва Экспедитсияи байналмилалии археологӣ ҳам ба хотири муайян намудани давраи нисбатан дақиқи дар ин минтақа маскун шудани аҳолӣ гузаронда шудааст. Раҳим Масов гуфтаааст, дар пайи хулосаи корҳои анҷомшуда маълум гардидааст, ки Фархор таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки то кунун 2 700-солагии шаҳри Кӯлоб таҷлил шуда, Тоҷикистон барои ҷашни 3 000-солагии ноҳияи Ҳисор омодагӣ мебинад.
Мӯҳр
Никогда не писал на вашем форуме,но не могу молчать.
Масов сошел с ума,объявляя о каких то с потолка взятых юбелеях и прочее.
Страна профессур в жопе, ан нет все туда же .
Привел к Масову в его проспонсированый японцами музей иностранцев,знаете что сказал что он плевал на Таджикистан и и он типа за Россию.Потрясенные иностранцы его спросили как же так выже боец за демократию и
мир вов всем мире,ответ такой страны как Таджикистан не существует.
Чудны твои дела господи,может академик не с той ноги встал?

Ayni
Палғар in nohiyai Aynii imruza ast va onro Falgar niz meguyand!

Какая глупость! Мы уже праздновали 2,700 лет Куляба, насмешили весь мир. Может хватить выдавать желаемое за действительное? Таджикистан не пуп земли, и совсем не здесь зародилась человеческая цивилизация. Хотя я уверена, что Масов скоро "найдет" доказательства тому, что это произошло именно здесь.

Ба акидаи академик Б.Гафуров истилохи Фархор аз калимаи санскрити Вихара гирифта шуда , маънояш дайри буддои аст . Академик Рахим Масов дуруст кайд мекунад ки Фархор таърихи зиёда аз какими4000 сола дорад. Факат корхои археологиро чоннок кардан даркор аст ки таърихи ин минтака ошкор шавад. Браво Рахим Масов!

Парда,
Навистагият на маъно дорад на матраҳ. Мақола бо забони тоҷикӣ аст. Сайт ҳам сайти тоҷикӣ аст. Чӣ дард дорӣ бо русият пат-пат мекунӣ. Академик Масов куҷову туи магас куҷо. Ҳарф дорӣ бо забони тоҷикӣ бигу. Ин баҳси олимон аст. Бигзор худашон ҳал кунанд - кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ. Мо матале дорем: "Эй одами нокарда кор, туро ба ин кор чӣ кор?" Бигзор ана ҳамин матал сармашқи зиндагият гардад!

Д. Довуди
Аввал ин ки Масов бостоншинос нест ва дар бораи таърихи кадим тасаввуроти амик надорад. Дуюм ин ки у барои исботи 4000 солагии Фархор ягон далел пешниход накардааст ва гумон аст ки пешниход карда тавонад. Хамчунин у нагуфтааст, ки он олимони маъруфи точик ва Русия кихоянд ва барои кадом корхояшон маъруфанд. Чаро онхо худашон дар ин бора ахбор надодаанд. Китоби Худуд ал-олам ба асри X милод тааллук дорад. Аввал далелхоро оварда баъд 4000 солагиро эълон кардан лозим. Аллбатта хадафи Масов аз Кулобу Хисор кадимтар кардани Фархор аст ва бо хамин восита баланд бардоштани обуруи худаш аст.

а
Кулоб 2700, Хисор 3000, Фархор 4000. Бигзор 10000 сола бошад баъд чи? Фархор хамон 4000 сол пеш хам як чои нообод буд, холо хам нообод аст. Точиконро ба он чо солхои 50-уми асри 20 оварданд.

Дар таквияти назари Анвар Сафаров,

Сад фоиз дуруст гуфтед дустам. Фархор на кам аз 4-хазор сол дорад. Корхои археологи хам сахт чоннок шудаги. Дар ин авохир институти таъриху кишваршиносии АУ ЧТ пайбурд, ки таъриху тамадуни чолиберо аз Кулоб то Дарвоз ёфтан мумкин. Барои хамин Ясуфшох Я. аз он чониб, яъне аз касри Карон ва Р. Масов аз калъаи Золи Зар суи хам харакат доранд. Мушкили ягона ин, ки эшон сари ракамхо каааамакак тафовут доранд. Яъне умри Карон 5-хазору Золи Зар 4-хазор шинохта шудааст.
Шояд дар огоз суръати инкишофу пешрфт дар ин каламрав нихоят суст, яъне аз Дарвоз то Шуробод 500-сол ва то Фархор 500-соли дигар кашол ёфтааст.

Амрико таърих надорад лек аз мо хазор сол пеш аст бисере аз давлатхои мутараки таърихи он кадар зиед хам надоранд лек пешравиашон аз ин таърихдороя 10000 бор зиедаст сафсатахои чт ба ки даркор?

Юсуф
Ильхом,
Барои онки беҳтарин мағзу мафкураҳои дунё Амрикоро сохтанд. Онҷо система тамоман дигар аст. Дар математика мегӯянд: "Аз иваз намудани ҷойи ҷамшавандаҳо ҳосил тағйир намеёбад". Агар фаромӯш накунам, ҳамин тавр мегуфтем. Яъне ки, аз қадим, қадимтар ва қадимтарин гуфтанамон Тоҷикистон ободтар намешавад. Ободиро ба воситаи иҷтисоди солим ва пешрафта ба даст овардан мумкин. Олимҳои мӯҳтарами мо сараввал бояд ба ин тарафи масъала таваҷҷӯҳ диҳанд.

Масов ҳушёр, медонад чихел дили боло болоҳора хуш нигоҳ кунадy моле бадаст оварад. Боре дар бораи Бадахшон чизе наменависад чyн медонад манфиати молие бадаст намегирад. Агар ҳамаи Бадахшониҳо нестy нобyд шаванд барои мансабy ҷоҳy пул шyда боре ҳам чизе наменависад. Ин пиркамунисто ҳеҷ гоҳ намехоҳанд Тоҷикистон истиқлолияти комил бадаст орад. Инҳо мехоҳанд мо ҳамеша ғyломи ҳалқабаргуши Русҳо бошем. Аз инхел Бадахшониҳои лаганбардор камунистсифат динситез бад меояд. Инҳо моли тарих астанд ва дигар манфиате барои пешбyрди миллат расонда наметавонанд. Раванд ҳамон сагҳояшонро тарбият кунанд беҳтар мебуд. Чyн мағзи шахшyдаи камyнисти руспарасти ва динбадбини доранд.

"Напрасно я лицо свое разбил--кругом молчат, и все, и взятки гладки. Один ору - еще так много сил, хоть по утрам не делаю зарядки. Да я осилить мог бы тонны груза! Но, видимо, не стоило таскать,-мою страну,как тот дырявый кузов, везет шофер, которому плевать." В. Высоцкий Мастов и раньше был сумасшедшим это для меня не новость.

Ба фикрам тангахои тиллои давраи Кушониен дар н Гозималик хозира Хуросон ефт шудаги ва агар ин тарихнигор Масовро пурсанд аз тарси боло тарихи 1 сола дорад мегуяд барои он ки модарони ин нохия хато раиси нохия таваллуд намекунанд ва хуб медонад ки н фархор 7 ва зиеда вазир дорад бо шарофати рохбарии хирандмандонаи онхо зиеда аз 20 соласт ки Точикистон хато аз кризиси иктисоди намебарояд ва ахолиро бо барк тамин карда наметавонад Аз ин хотир мабодо хафа нашаванд гуфта ба онхо тарихи 4хазорсола додааст Боз ки медонад ин олимони дуруг ини мо хафт соли дигар чи ихтироот мекунанд

Халқи точикро камбудии асосиаш дар хамин аст ки нисбати Миллати худаш беэтиромаст, арзишҳои миллиашро нодида мегиранд. Намегузорад, ки якеаш аз дигараш боло равад, дағалҳам шавад мегуям: кункобаки якдигар ва зудбовараст. Барои чи мо намегузорем номи ТОЧИК (имидж) баланд шавад! Бечора олимҳо меҳнат мекунан, ки обуру ва эътибори ТОЧИК-ро дар арсаи байналмилаи баланд бардоранд, боз як ёдгории таърихии ХАЛҚИ ТОЧИКРО шомили созмони ЮНЕСКО кунанд! Шумо бошен бачои ифтихор кардан якдигарро мазҳака карда, нисбати Академик Раҳим Масов бе эҳтироми мекунед. Охир ин чихел ғурури миллии Точикиаст. Охир Фархорҳам як гўшаи Точикистон аст. Онҳо дар ҳақиқт эспедитсия гузаронидан онҳо ёдгориҳои таърихиро кашф карданд, ки баёнгари таърихи 4000 сола доштани Фархори бостониро исбот мекунад. Аз пеши худашон ягон чиз нагуфтаан. Агар мо ба худамон бовар надошта бошем дигарон ба мо хечвақт бовар намекунан. Агар мо имрўз дарди миллати хешро ҳис накунем фардо дер мешвад!!!

Амирхамза Акобиров
хакикат хамеша пойдор мемонад Иншоллох бо хости Худо 4000-солагии Фархори морани хам чашн мегиран

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)