Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:44

Русия боҷи содиротиро барои Тоҷикистон лағв кард: Бензин арзон мешавад?

14 ноябр 2013, 11:09

Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия оиди лағви боҷи содиротӣ зимни интиқоли маводи сӯхт аз Русия ба Тоҷикистон аз рӯзи 12-уми ноябри соли равон мавриди иҷро қарор гирифт.

Сомонаи расмии иттилооти ҳуқуқии Русия, 12-уми ноябр матни созишномаи Тоҷикистону Русия дар бахши маводи сӯхтро нашр намуда, таъкид намудааст, ки ин созишнома муваққатан аз рӯзи нашраш мавриди иҷро қарор мегирад.

Тибқи ин созишнома Русия уҳдадор мешавад, ки аз маводи сӯхт, ки ба Тоҷикистон равона шудааст, боҷи содиротӣ наситонад. Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки маводи сӯхти тариқи имтиёз гирифтаашро ба кишварҳои сеюм содир накунад. Дар созишнома омадааст, ки дар сурати ошкор шудани содироти сӯзишвории Русия ба кишвари сеюм, ҷониби Русия огоҳинома мефиристад ва давоми ду моҳ ҳақ дорад, созишномаро яктарафа қатъ кунад.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол аз ҳар тонна маводи сӯхти Русия зимни интиқол ба Тоҷикистон ҳудуди 300 доллар боҷи содиротӣ ситонда мешуд. Гуфта мешавад, тибқи қонунҳои бозор акнун баъди лағви боҷи содиротии Русия нархи маводи сӯхт бояд дар Тоҷикистон ҳудуди 1,5-2 сомонӣ арзонтар шавад.

Мақомоти Русия боҷи содиротиро барои Тоҷикистон моҳи майи соли 2010-ум ба далели узви Иттиҳоди гумрукӣ набудан ҷорӣ карда, ҳаҷми онро ҳар моҳ вобаста ба нархи нафт дар ҷаҳон пасту баланд мекарданд ва ниҳоят баъди гуфтушуниди сесола лағв намуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Халк

  • 14 ноябр 2013 12:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хай кори нагз шуд. Лекин шумо халки бечора ба умед набошед! И мардакои хукуматдор бо як чора меандешанд, ки аз хаму нархи аввалара нархи ГСМ баландтар мешавад. А бача и хукуматдоро мемондиян, ки халки аз дасташ хеч чиз намеомада сохиби зиндаги шaванд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мебинем, сӯзишворӣ арзон мешавад ё не. Зеро дар мамлакати мо нарху навоъ фақат як самт доранд, фақат ба пеш ба сӯи ғалаби нафси фурӯшанда! Онҳо одатан нархро як маротиба, ки бардоштанд, дигар намехоҳанд онро поён бикунанд. Агар нархи сӯзишворӣ паст шавад, бояд хизматрасонӣ дар воситаҳои нақлиёти мусофирбар, интиқоли мавод ва ғайра низ арзон шавад. Инро кӣ назорат мекарда бошад? Агар не, мо медонем, ки савдогарони Тоҷикистон беинсофтарин дар дунёанд. Нарху навоъ дар бозори мавод ва хизматрасонии кишвар баробари мамлакатҳои пешрафтаи дунёанд, ки онҷо сатҳи маоши моҳона нисбат ба Тоҷикистон чанд маротиба баланд аст. Вале нархҳо баробаранд!
Посух додан
  • Шахрванд

  • 14 ноябр 2013 18:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар рамазон савдогаронро дар хаккашон хамаи гапро мегуфтед ки шумо инсоф надоред, е ин ки шумо чи хел мусулмонед ки нарххоро кимат мекунед. Акнун мебинем инсофу мусулмонии хукуматдоронро ки то чи хад аст ое ба мардуми бечорааш рахм мекунад е ин ки ба ин зулм идома медихад
Посух додан
  • Донишчу

  • 14 ноябр 2013 20:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Намедонам арзон шавад хуб нашавад бад

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!