Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:47

"Равшан"-и қаҳрамон бо "Хайр" ва "Истиқлол" бо "Вахш" қувваозмоӣ мекунад

14 ноябр 2013, 16:41

Кумитаҳои доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон доварон ва нозирони даври ниҳоӣ ё 22-юми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олиро, ки якшанбеи 17-уми ноябр баргузор мешаванд, таъин карданд.

Доварии қувваозмоии ССКА «Помир»-и Душанбе ва “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро ба Раҳмон Муртазоев, ки аз соли 1992 бозиҳои лигаи олиро доварӣ мекунад, бовар кардаанд.

Аммо довари аслии бозии “Истаравшан” ва “Энергетик”, ки дар варзишгоҳи марказии Истаравшан мегузарад, Насрулло Кабиров аст.

“Равшан”, ки аллакай пирӯзияш маълум шуд, дар майдони худ бо “Хайр” қувваозмоӣ мекунад ва ин дидорро Равшан Ишматов доварӣ хоҳад кард.

Баҳром Саъдуллоев довари дидори “Хуҷанд” ва “Регар-тадАЗ” аст. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” (Хуҷанд) мегузарад.

“Вахш” ва “Истиқлол” дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Қурғонтеппа зери доварии Комилҷон Қурбонов ба майдон мебароянд.

Оғози ҳамаи бозиҳо соати 14:00.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ввп

  • 19 ноябр 2013 15:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
равшан ба девонаги бозира мебара

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!