Бахшҳо
18 ноя 2013 11:37Тоҷикистон / Тема дня

Куштори як тоҷик аз сӯи Нерӯҳои таъиноти махсуси Русия

Дар пайи як амалиёти Неруҳои таъиноти махсуси Русия дар шаҳри Махачқалъаи Доғистон як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст.

Мақомоти қудратии Русия мегӯянд, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Гурухи “Ҷамоати Махачқалъа” муттаҳам мешавад. Неруҳои таъиноти махсуси Русия шоми 15 ба 16 ноябри соли ҷорӣ ба хотири боздошти Дмитрий Соколов, ҳамсари зане, ки дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар Волгаград айбдор аст, амалиёти вижаеро дар деҳаи Самандари шаҳри Махачқалъа анҷом додаанд.

Ин ниҳод мегӯяд, дар рафти амалиёт Соколов аз таслим шудан сарпечӣ кардааст, ки дар натиҷа миёни неруҳои таъиноти махсуси Русия ва ин сокини Доғистон задухурди мусаллаҳона ба миён омад. Ба гуфтаи онҳо, дар пайи ин задухурд Соколов ва чанд тан аз ҳамсафони ӯ, аз ҷумла як табаи тоҷик, ки узви “Ҷамоати Махачқалъа” мебошанд, кушта шуданд.

Неруҳои амниятии Русия гуфтаанд, чанд соати қабл аз оғози амалиёт бо Соколов тамоси телефонӣ доштаанд, ки ӯ масъулияти бомгузорӣ дар Волгаградро ба зимма гирифтааст. Соколов гуфтааст, маводи таркандае, ки бо он автобуси мусофирбар дар шаҳри Волгаград тарконида шуд, ӯ бо дастони худ омада карда буд.

Авохири моҳи октбяри соли ҷорӣ бар асари бомгузорӣ дар шаҳри Волгогради Русия як автобуси мусофирбар тарконида мешавад, ки мунҷар ба ҳалокати 6 нафар шуда, 33 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти қудратии Русия дар ин ҳамлаи интиҳорӣ Наида Асиялова, сокини Махачқалъаро гумонбари аслӣ донистанд.

Куштори як тоҷик аз сӯи Нерӯҳои таъиноти махсуси Русия

Пулиси Русия шиносномаи ин хонуми маргталабро, ки гӯиё аз макони ҳодиса ёфт шудаву дар акс бо рӯсарӣ омадааст, дар хитмати ВАО мегузорад. Вале баъд аз вокунишҳои зиёди корбарони интернет дар мавриди сохта будани ин шиносна, онҳо шиносномаи дигареро боз тариқи ВАО паҳн мекунанд, ки Асиялова дар акси он бидуни рӯсарӣ аст. Чун бар асоси қонунгузории Русия бо рӯсарӣ акс гирифтан барои шиноснома манъ мебошад.

Бояд гуфт, баъд аз паҳн шудани шиносномаи аввалӣ, ки дар он хонуми доғистонӣ рӯсарӣ ба бар дорад, дар қаламрави Волгоград як навъ “маърака зиддиисломӣ” оғоз шудааст. Расонаи Islam-Today менависад, шоми 24 октябр як гуруҳи афроди нишонос ба яке аз масоҷиди шаҳри Волгоград ҳамла карда, мехостанд, онро оташ зананд. Инчунин манзили зисти яке аз сокинони тозамусулмонро зери коми оташ қарор додаанд.

Куштори як тоҷик аз сӯи Нерӯҳои таъиноти махсуси Русия

Дар ҷои дигар ин торнамо навиштааст, ки рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ кормандони пулиси БДА-и шаҳри Воронеж автобуси мусофирбари рақами 80 ин минтақаро дар роҳ иҷбора боз дошта, аз дохили он як духтари рӯсарипӯши русро боздошт ва ба шуъбаи корҳои дохили интиқол медиҳанд. Вале баъд аз бозрасӣ муайян мешавад, ки ин духтараки 22-солаи рус сокини шаҳри Маскав буда, ба аёдати хешонашон ба шаҳри Воронеж омадааст ва бо худ ҳеч гуна маводи зараровар надорад. Аз сӯи дигар дар бархе аз донишгоҳҳои ин кишвар пешниҳод карда шуд, ки пушидани рӯсарӣ ба донишомӯзони мусулмон комилан бояд манъ карда шавад. Ҳатто дар бархе аз маҳфилҳо низ духтарон бо пушидани либосҳои исломию рӯсарӣ ва камарбанди интиҳорӣ рӯи саҳна мешаванд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)