Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:05

Билайн, Тоҷнет ва Телеком Технолоҷӣ -- зидди озодии баён?

18 ноябр 2013, 13:22

Баъзе аз шабакаҳои мобилӣ ва интернетрасони Тоҷикистон ҳанӯз ҳам бо овардани баҳона маҳдудияти ворид шудан ба сайти хабаргузории “Озодагон”-ро нигаҳ медоранд.

Муштариёни шабакаи мобилии “Билайн” ва ширкатҳои интернатрасони “Телеком Технолоҷӣ” ва “Тоҷнет” шикоят аз он доранд, ки аз рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ ба ин сӯ наметавонанд, бевосита ба сайти “Озодагон” дастрасӣ дошта бошанд. Аксари онҳо мегӯянд, барои ворид шудан ба ин торнамо аз филтршиканҳо ё проксӣ истифода мебаранд.

Бештари онҳо, бахусус муштариёни “Билайн” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, ҳангоми муроҷиаташон ба ин шабака аз кормандони он, танҳо як посухро мешунаванд: “Мушкили мо нест, Шумо ба худи маъмурияти “Озодагон” шикоят баред.” Аммо муштариёни нахустин шабакаи интернетрасони Тоҷикистон “Телеком Технолоҷӣ” аз он дар ташвишанд, ки намедонанд, ба куҷо шикоят ё муроҷиат кунанд. Зеро яке аз онҳо дар сӯҳбат бо мо гуфт, чун ба кормандони колл сентри ширкати мазкур муроҷиат кардем, онҳо мегӯянд, мо низ ба ин торнамо ворид шуда наметавонем, “аслан ингуна сайт вуҷуд дорад?”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, баъд аз шарҳу тафсилоти зиёди ӯ ба кормандони “Телеком Технолоҷӣ” дар бораи вуҷуд ва фаъолияти хабаргузори “Озодагон”, гуфтаанд: “Ҳоло маъмурияти мо ҳузур надорад, баъдан тамос гиред.” Дастрасӣ ба сайти хабаргузории “Озодагон” шоми 4 ноябр, дақиқтараш як рӯз пеш аз интихоботи президентии Тоҷикистон қатъ гардида буд. Вале баъд аз баргузории ин маъракаи сиёсси кишвар дастрасӣ ба торнамои “Озодагон”тавассути аксари шабакаҳои интернетрасон дубора имконпазир шуд. Аммо танҳо се ширкат -- “Билайн”, “Телеком Технолоҷӣ” ва “Тоҷнет” ин иқдоми маҳдудкуниро идома медиҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Номардо.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дируз Озодагон чи тур буд? (аз суи дар кадом дарач,а будани муштариëнаш ва маълуму маъруфиаш)
Имруз мебинам , ки бех,тарин торнамои хабаргузорие дар Осиëи Миëна шудааст , ки ғайр аз у шаффоф ва озодро намебинам.
Иншооллох, фардои дурахшони Ватанро х,амрох,и Озодагон мебинем!
Панч,ох,солагии Озодагонро муборакбод гуфта ба ок,ои Зафар ва мададгорони ин зот ах,сантх,о мехонем!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!