ВКД муваззаф шуд, ба модари Баҳромиддин 14 000 сомонӣ диҳад (ВИДЕО)
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Вазорати умури дохилиро ба пардохти 14 000 сомонӣ ҷуброн ба хонаводаи Баҳромиддин Шодиев, як сокини Душанбе, ки соли 2011 баъд аз боздошти маъмурони пулис сахт маҷруҳ ва дар Қарияи Боло ҷон бохта буд, муваззаф кард. Дар ҳоле ки наздикони ӯ аз ВКД барои марги Баҳромиддин 180 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб карда буданд.
Ҳотамҷон Раҷабов, раисикунандаи мурофиа, гуфт, “даъвои Ниёзбибӣ Бӯриева нисбат ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо ҳамҷавогарии Раёсати умури дохилии Душанбе қисман қонеъ карда шавад. Аз ҳисоби ВКД ба фоидаи Бӯриева 8 ҳазору 579 сомонӣ зарари моддӣ ва 6 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ рӯёнда шавад.” Оқои Ҳотамов афзуд, ҷонибҳо метавонанд, то панҷ рӯз ҳамагуна эътирози худро ба онҳо бирасонанд. Дар лаҳзаҳои аввали эълони ин қарор Ниёзбибӣ Бӯриева, модари Баҳромиддин Шодиев, гуфт, аз ин қарори додгоҳ розӣ нест ва барои 14 ҳазор сомонӣ ин қадар худро паст ҳам намекунад.
ЭЪЛОНИ ҚАРОРИ ДОДГОҲ:
Ҳамагӣ чанд соат пештар аз қироати ин қарор Азизахон Мирзоева, намояндаи додситонӣ дар баҳси миёни хонаводаи Баҳромиддин Шодиев ва маъмурони пулис, аз дувумӣ ҳимоят карда буд. Вай аз раисикунандаи мурофиа хост, то даъвои хонаводаи Баҳромиддин Шодиевро дар бораи ин ки гӯиё маъмурони пулис дар марги писараш даст доранду бояд 180 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт намоянд, рад кунад.
Хонум Мирзоева афзуд, мурофиаҳои пешин нишон дод, ки Баҳромиддин Шодиев худро аз ошёнаи дувуми бинои пулиси Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба зер андохта, сахт зарб хӯрдаву дар бемористон ҷон додааст. Аммо Ниёзбибӣ Бӯриева, модари Баҳромиддин Шодиев, чунин мавқеъгирии намояндаи додситониро дар баҳсашон бо маъмурони пулис “ноадолатӣ” хонд. Ӯ гуфт, “мо мушоҳида мекунем, маъмурони пулис намояндаи додситониро бо мошин ба хонааш мебаранд. Агар дар ҷои ӯ ман ҳам мебудам, шояд тарафи ҳамонҳо мешудам. Ман як одами одиям ва агар одами одӣ намешудам, фарзанди маро намекуштанд. Албатта, барои намояндаи доситонӣ ҳам маъмурони пулис даркоранд, на мо.”
Бӯриева аз он изҳори таассуф кард, ки дар вақташ натавонистааст ҳарфҳои охирини писарашро дар бораи чӣ гуна латту кӯб шуданаш сабт намояд. Вай афзуд, дар он сурат шояд мақомот ба ҳарфҳои ӯ ҳам гӯш медоданд: “Бачам гуфта буд, маро азият карданд. Наход аз ошёнаи дувум худро партоям? Вай гуфт, ба баданаш барқ гузошта, даҳонашро скочпеч кардаанд.”
Баҳромиддин Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли 2011 аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда ва пас аз даҳ рӯз дар беморхонаи Қарияи Боло ҷон дод. Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ дар пайи зарбу латти маъмурони пулис сахт маҷруҳ шуда, баъдан аз дунё даргузашт. Вале мақомот ин иддаоро рад карда мегӯянд, оқои Шодиев талош карда буд, худро аз ошёнаи дувум ба зер андохта, ҳамин тавр, аз боздошт ва ҷавобгарӣ озод шавад.Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |