Бахшҳо

Ҳукумати нави Тоҷикистон бо Ҳизби наҳзат чӣ хоҳад кард?

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Яке аз мавзӯъҳои матраҳ тайи чаҳор соли охир бастан ё набастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби динии сиёсӣ дар Осиёи Марказист. Протоколи “32-20”, ки натиҷаи як ҷаласаи махфии ҳукумат аст ва фишорҳо ё "таъқибу гурез"-ҳои рӯзафзуни аъзои ин ҳизб ба ин шоеа доман задааст.

Бисёриҳо тахмин мезаданд, ки мақомот шояд баъд аз анҷоми интихоботи президентии 6 ноябр дар бораи бастан ва ё набастани ҲНИТ тасмим бигиранд. Ҳоло, ки интихобот гузаштаву баъд аз адои савганди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон, ҳукумати нав дар ҳоли ташкилшавист, ҲНИТ дар чӣ вазъ асту таҳлилгарон чӣ пешбинӣ доранд. ҲНИТ ягона ҳизби исломии дар чорчӯби қонун фаъолияткунанда дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ин ҳизб соли 1992 худро даргири ҷанги шаҳрвандӣ намуд ва ҳарчанд дар натиҷаи ин ҷанг натавонист демократияи воқеиро дар Тоҷикистон ба армуғон биёварад, аммо тавонист худро ҳамчун як ҳизби қонунӣ сабти ном намояд ва вазифаҳоеро ҳам ба чанги худ даровард.

Билохира, бо шикастҳои паёпайи ин ҳизб дар интихоботҳои гузашта кам-кам фишорҳо ё сахтгириҳо болои ин ҳизб афзоиш меёбад. Ҳатто дар расонаҳо ва маҳофили таҳлилӣ манъи фаолияти ин ҳизб матраҳ аст. Ҳарчанд мақомот то ҳол дар ин маврид изҳори назари расмие накардаанд, аммо се соли қабл Бозор Собир, шоири маъруфи кишвар, гуфта буд, ки зарурате барои фаолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон нест.

Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода, сухангӯи ҲНИТ, мегӯяд, “дар воқеъ, доираи манфиатхоҳе аз қабл чунин ангеза ва хоҳише дар мавриди зарурат надоштани вуҷуди як ҳизби сиёсии моҳияти динӣ доштаро дар долонҳои ҳукумат ва берун аз он ҳам доштанд ва қисмати динситези аслии ҳамин доира ин фикрро аз сари хеш канор набурдааст”. Ӯ дар идома афзуд, "мо ҳатто дар арафаи таҳаввулоти конститутсионӣ дар соли 2003 шоҳиди тағйири моддаи 28-и Конститутсия ҳам будем, вале бо як изҳороти шадидуллаҳни устод Нурӣ аз иқдоми хеш канор рафтанд, эхтимол ҷаноби Раҳмон ҳам дар ин маврид ризоият надода бошад. Аммо агар мавҷудияти чунин як ҳизбро аз нигоҳи манофеи миллӣ ва давлатӣ ба баҳс бикашем, ҷуз манфиат чизи дигаре дар миён нест."

Меҳмоншоҳ Шарифзода, сиёсатшиноси тоҷик, ҳам мегӯяд, бастани Ҳизби наҳзат гуфтугӯест, ки дар воқеияти аслии Тоҷикистон реша надорад. “Ин кор имкон надорад. Зеро ин ҳизбро банданд ҳам, боз чунин ҳизби ба арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои аслии тоҷикӣ такякунанда ва фаъол мисли ҲНИТ, дар шакли дигар ва бо номи дигар, рӯи кор хоҳад омад. Ин на фақат мавҷудияти фарҳанги пасти сиёсист, балки маризии равонии худкамбинӣ ва худ пастзанист”,-гуфт Шарифзода. Вай афзуд, “вазъ чунин аст, ки мо ҳанӯз болои вайронаҳои Шӯравӣ истодаему ҳаракатеву сохтмоне нест ва фазои сиёсии созандаву пешравандаро бе арзишҳо ва ормонҳо, ки дар барномаи ин ҳизб зикр шудаанд наметавон тассавур кард."

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки бо вуҷуди афзоиши фишорҳо кор ба бастани наҳзат анҷом нахоҳад ёфт. Мирзои Салимпур, таҳлилгари тоҷик, бовар дорад, Ҳизби наҳзат тайи 16 соле, ки аз поёни ҷанги шаҳрвандӣ гузашт, ҳамеша худро як ҳизби гапдаро нишон додааст ва берун аз хатте, ки давлат барояш мекашад, кӯшиш мекунад пой нагузорад. Аз тарафи дигар бо бастани ин ҳизб чӣ мурод ба даст меояд? Ӯ гуфт: "Тарафдорони исломи сиёсӣ ҳеҷ куҷо намешаванд, балки дар гурӯҳҳои пинҳонкор ва таҳти шиорҳои тундтар ба муборизаи худ идома хоҳанд дод, ки ин ба нафъи ҳукумат нест. Ҳукумат маҷбур аст, ҳузури ҳизби наҳзатро таҳаммул кунад, то фардо дар рӯбарӯяш ҳизбҳои тундтаре чун Ансоруллоҳ ё Толибони Тоҷикистонро надошта бошад. Аз ин рӯ, инҳо - давлат ва наҳзат - ҳузури ҳамдигарро ба ҳамин шароите, ки ҳаст дастикам дар кӯтоҳмуддат таҳаммул хоҳанд кард."

Ба гуфтаи Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода, элитаи ҳоким маҳз дар заминаи созиши сулҳ бо наҳзат машруият пайдо карду онро тақвият бахшид, агарчӣ душманони сулҳ дар дохилу хориҷ бо сароҳат мухолифи чунин созиш будаанду ҳоло ҳам ҳастанд. “Бинобар ин, ҳукумат дар манъи наҳзат хавасманд нест ва манфиате ҳам надорад, ҷуз маҳдуд кардани аъзо ва пайравони он аз фаъолияти густурда”,-таъкид кард ӯ. "Канор мондани наҳзат аз интихобот кадом шӯру шавқе дар интихобот дошт? Пас, масъала ин аст, ки доираҳои манфиатхоҳ танҳо аз ҳузур ва нуфузи бештар касб кардани наҳзат вуҷуди худро дар ҳукумат ва доираи дигари ҷомеа нигарон мебинанд. Оқибати кор кадом хатаре барои манъи наҳзат нахоҳад дошт ва ҳеч ҷангу даргирие рӯй нахоҳад дод",-афзуд сухангӯи ҲНИТ.

Бо ин ҳама, мақомоти давлатӣ то ҳол дар ин замина изҳори назаре накарда, аз ташреҳи масъала низ худдорӣ мекунанд. Ниҳодҳои давлатӣ дар посух ба суоли мо дар ин замина гуфтанд, касе дар фикри маҳдуд кардани фаъолият ва ё бастани ҲНИТ нест. Онҳо далел пеш меоварданд, ки Ҳизби наҳзат ҳоло озодона фаъолият дорад ва чорабиниҳо мегузаронаду аъзои нав қабул мекунад ва Вазорати адлия, масъули сабтиноми созмонҳову аҳзоб, ҳанӯз муҷаввизи онро бекор накардааст.
Мӯҳр
Рахмдил
Аз бастани нахзат ба рахмон хеч фоидае нест ба гайр аз ташвиши сар зиёди

Бахои вокеиро нисбати ин хизб аъзои собикаш Муло Абдурахим дода буд. Яъне зарураташ намеондааст. Чунки аз рузи аввал ин хизб рохи дурусту демократиро нагирифт. Дар давраи чанги шахрвандй аввалин шуда намояндагони ин хизб ба куштор даст заданд. Ин хизб бояд дар Точикистони сохибистиклол фаъолият надошта бошад!

Rafa
Суроб,
In malumothoro az televizioni tj girifted?

ИН ХИЗБИ НАХЗАТ АГАР МАВКЕИ ХУДРО МУАЙЯН КУНАД ХЕЧ ЗАРАРЕ НАДОРАД АММО БО ИН БАРНОМАЕ,КИ ДОРАНД АМАЛ КАРДАН ГИРАНД ДАР НАЗДИ ХУДО ВА МИЛАТУ-ВАТАН БОЯД ЧАВОБ ГУЯНД
АГАР САФХОИ ХУДРО ВА СИНАХОИ ХУДРО АЗ РОФИЗИ ГАРОИ ТОЗА
НАКУНАНД ОРМОНИ МУСУЛМОНОНРО БА ЧО ОВАРДА НАМЕТАВОНАНД. БО ДУРУЯГИ ВА ТАКОРУБИ МАЗОХИБ (ин дуруг аст ХИЗМАТИ ДИН ВА МУСУЛМОНОНРО КАРДА НАМЕШАВАД.

дуст
абдуло номи хуб лекин бародар буздил набош худ ба идораи онхо рав ва бо онхо сухбат кун агар гайрат дори дар ончо кор карда исломи хакикро бифахмон исломшинос

muhojir
Hizbro chande barvakt bubandand foidash ziyod ast ba mo tojikistoniyon amomali rahmon pesh az takgiroti kadrho aval hizbi nahzatro mebast bad kadr takgir medod afsus afsus der shudagi nest

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)