Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:05

Кумаки узви ҲНИТ ба бародараш бо парвандаи ҷиноӣ анҷомид

22 ноябр 2013, 14:47

Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеи Зуҳур Иброҳимов, як узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи ҷиноӣ дар Исфара боздошт шудааст, аз поймолшавии ҳуқуқи зерҳимояаш ибрози нигаронӣ дорад.

Зуҳур Иброҳимов, сокини ноҳияи Исфара ва узви ҲНИТ, 22 октябри соли ҷорӣ бо иттиҳоми авбошӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуда буд. Воҳидова, мегӯяд, Иброҳимов аз замони боздошт мавриди бозпурсии кормандони кофтукови гуруҳи ҷиноии Исфара дар бораи бародараш Зайналобиддин Иброҳимов, ки дар пайгарди қонунии байналмилалӣ мебошад, қарор гирифтааст ва дар ниҳоят худи ӯ низ дар узвият дар гуруҳи ҷиноӣ муттаҳам шуда, таҳти фишор ин иттиҳомотро эътироф кардааст.

Воҳидова, ки рӯзи 22 ноябр танҳо баъд аз як моҳи боздошти зерҳимояаш тавонист, бо ӯ мулоқот кунад, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “зерҳимояам баъд аз боздошт ба муддати се шабонарӯз дар утоқи кории кормандони кофтукови гуруҳии ҷиноии ноҳияи Исфара нигоҳ дошта шудааст. Муфаттишон то нишондоди иқрориро нагирифтаанд, ба ӯ иҷозаи хоб рафтан надодаанд.”

Зерҳимояи Воҳидова дар мулоқот гуфтааст, “вақте се шабонарӯз хоб рафтан намонданд, сахт хаста будам ва ҳар чиро ки пешниҳод карданд, имзо гузоштам, то барои хоб рафтан иҷоза диҳанд.”

Ба гуфтаи Воҳидова, Иброҳимов Зуҳур эътироф намудааст, ки бародараш Зайналобиддин, дар замони дар кофтуков буданаш ба хонаи ӯ омадааст ва ӯ ҳамчун бародар ба ӯ ғизою либос додааст. Аммо мақомот аз Зуҳур Иброҳимов эътирофот гирифтаанд, ки ӯ узви гуруҳи ҷиноӣ ҳаст.

Дар ҳамин ҳол Файзиниссо Воҳидов таъкид мекунад, ки ният дорад, аз болои амали муфаттишон ба додситонӣ ва дигар мақомоти дахлдор шикоят барад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Рахмдил

  • 23 ноябр 2013 08:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба рости аз тамоми милитсия Точикистон нафрат мекунам. Ин вазир аз ухдаи хеч кор намебаромадааст. рамазон рахимов ту чи кор карда гашти агар туро 3 шабонаруз хоб рафтан намонан куштани ЛЕНИНРО хам ба гардан мегири. Озодагон ин навистахои моро ягон макомот мехонад ё не. Инро бояд ба сомонаи расмии вкд навистан дар кор афсус ки сомонашонро намедонам.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!