Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:02

Ҳимояти Убайдуллоев аз намоиши мӯд ва ихтисоси 38000 сомонӣ

22 ноябр 2013, 15:19

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, пешниҳоди Хонаи мӯди «М-Style», дар мавриди баргузории «Ҳафтаи байналхалқии авруосиёии мӯд»-ро, тайи рӯзҳои 7-9 декабр дар Душанбе, ҷонибдорӣ кардааст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, Убайдуллоев ҳадафи ин иқдомашро ташаккули эҳсоси зебоишиносии ҷавонон, пайвастан ба арзишҳои умумибашарӣ ва раванди мӯди муосири ҷаҳон, инчунин ғанӣ гардонидани анъанаҳои миллӣ ва шинохти бозёфти дигар халқҳо дар ин самт арзёбӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ Убайдуллоев ба сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дастур додааст, аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 38 ҳазору 150 сомонӣ ҷудо гардад.

Раиси Душанбе ба мақомоти пулис ва амнияти миллӣ дар пойтахт супориш додааст, ки ҳангоми баргузории ҳафтаи авруосиёии мӯд, тайи рӯзҳои 7-9-уми декабр, дар ҷойҳои баргузории ин чорабинӣ амнияти шаҳрвандону иштирокдорон таъмин гардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Бахром

  • 22 ноябр 2013 16:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
баъд Озодагони мухтарам ин расми тафрикаандози чи лозим!?
Посух додан
  • Ahmad

  • 24 ноябр 2013 22:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
тафриқа андози нест дустам балки беҳтарин аксҳоро ҷой доданд. Гуногунандеши, эҳтиром ба ҳарими шахсии ҳар фард, озодпуши озодандеши. Мошоаллоҳ, неки либоси исломида гап нест.Дар либоси исломи зан мисли фаришта аст, эҳтироми инсон ба инхел занҳо бештар мешад. Банда озод буданро дуст дорам.Намехоҳам фикрy ақидаи худро базур ба дигарон бор кунам. Ҳар нав фикри дорам аз он рози ҳастам ва фикр мекунам агар дигарон ҳам ҳаминхел фикр дошта бошанд муваффақy комёб мешанд. Лиҳозо ба таври бисёр нармy ором дигаронро ба ин роҳ мехонам қабул карданд ташакyр мегум қабул накарданд масулиятамро адо кардам. Локин ба ин ақида ҳастам ҳар як инсон хубиҳои дорад ва аз он хубиҳои фард бояд ба таври дуруст барои муҷтамаи инсони истифода бурд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АССАЛОМУ ЪАЛАЙКУМ ХАМВАТАНОНИ АЗИЗ...
ХАМАИ МО МЕДОНЕМ ТАХРИХИ КАДИМАЕ ДОРЕМ, КИ ХОЧАТ БА БАЁНАШ НЕСТ ВА БУЗУРГОНЕ ДОШТЕМ, КИ ДАР ИЛМ НАЗИР НАДОШТАНД. ПАС МО ТОЧИКОН НА ОН МИЛЛАТЕ БУДЕМ, КИ БА ИН ДУНЁ ПАРАСТИЮ ДЕМОКРАТ ВА ФИТНААНГЕЗИ ФИРЕФТА МЕШУДЕМ. АСЛАН МАН ГУФТАНИ ХАСТАМ, КИ АЗ ДАСТИ ФИРЕБИ ИН ХУКУМАТДОРОНИ ТОЧИКИСТОН МО ТОЧИКИСТОНИЁН ЧИЗХОИ МИЛЛИЕАМОНРО АЗ ДАСТ ДОДА ИСТОДАЕМ, КИ АРЗИШАШОН БОЛОТАР АЗ МИЛЛИОНХО ТОНН ТИЛЛОСТ.
ТОЧИКИСТОНИ МО ДАР ФИКРИ МУДДУ ЛИБОСИ АВРУПОИСТ ВА ДАВЛАТИ ХАМСОЯАМОН БО НОМИ УЗБАКИСТОН ЛИБОСИ МИЛЛИИ ТОЧИКРО БО НОМИ "АТЛАС" ГИРИФТ ЛИБОСИ МИЛЛИИ ХУД ЯЪНЕ " УЗБЕКАТЛАС" КАРД , КИ ДАР ТАМОМИ МАМОЛИКИ ДУНЁ ХАМЧУН ЛИБОСИ МИЛЛИИ УЗБАК ШИНОХТА ШУДААСТ.
РОСТИ ГАП МАН НАМЕДОНАМ, КИ ЛИБОСИ МИЛЛИ ЧИ ГУНОХ ДОРАД ВА АЗ КАДОМ ВАКТ ЗАНИ ТОЧИК БЕЗОР АЗ ЛИБОСИ ХУД ГАШТААСТ.
ВАКТИ ОНАСТ, КИ ИН КОРХОИ МАЙДА ЧУЙДАРО ПАРТОЕМУ АЗ КАФОИ ТАРАКИЁТИ ТОЧИКИСТОН ШАВЕМ ВА БОЯД ДОНЕМ, КИ ТОЧИКИСТОНИ МО БА ЯГОН ХАЛКУ МИЛЛАТИ ДУНЁРО ДАРКОР НЕСТ ГАЙРИ ХУДАМОНВА ХЕЧ КАС ИН ВАТАНИ МОРО ХАМ ОБОД НАМЕКУНАД ЧИ МАГАР РАХМОНОВ АЗ ИЛХОМ АЛИЕВ ЧИ КАМИ ДОРАД, КИ ВАЙ ВАТАНАШРО ОБОД КАРДА ИСТОДААСТУ АЗ МО БОШАД...???
"чи хеле, ки миллиону миллиард медузданду барои худашон каср бино мекунанд бояд Точикистонро хамон хел обод кунанд"...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!