Бахшҳо

Баҳси одоби журналистони тоҷик ва нигоҳе ба қазияи Тутубалина

Кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо баргузории як конфронси ҷумҳуриявӣ одоб ё худ этикаи касбии журналистони тоҷикро ба баҳс кашидааст.

Сангин Гулов,
дотсент, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи Миллӣ дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, конфронс, таҳти унвони «Риояи меъёр ва принсипҳои байналхалқии этикаи касбии журналистӣ дар журналистикаи тоҷик», 22-юми ноябр, оғоз гардида, имрӯз, 23-юми ноябр идома хоҳад дошт.

Ба иттилои Гулов зимни ин ҳамоиш мутахассисони журналистика, масоили марбут ба одоби журналистика дар расонаҳои хориҷӣ, одоби баҳс дар матбуот, меъёрҳои ахлоқӣ ва матбуоти саргармкунанда, ҷанбаъҳои ахлоқии истифодаи иттилооти телефонӣ дар телевизион, мушкилоти ахлоқӣ дар журналистикаи сиёсии тоҷикро мавриди баҳс қарор медиҳанд.

Дар робита ба матлаби Олга Тутубалина, “Неинтеллигентно об интеллигенции”, ки нашраш дар ҳафтаномаи “Азия Плюс” баҳси додгоҳии зиёиён бо муаллиф ва нашрияро ба бор овард, Сангин Гулов гуфт, “Тутубалина қонунро вайрон накардааст, гумон мекунам, даъвогарон алайҳи ин журналист иштибоҳ мекунанд, зеро ин масъала бештар ҷанбаи ахлоқӣ дорад, на ҳуқуқӣ”.

Сангин Гулов таъкид намуд, ки меъёрҳои ахлоқӣ низ ба таври умум дар матлаби Тутубалина нақз нашудаанд, чун муаллиф аз иқтибос кор бурда, сухани Ленинро дар мавриди зиёиён истифода кардааст.

Аммо Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.

Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
дар хакикат Ленин дар чилди 51, с.48 ин суханро дар мактубаш ба Горкий гуфтааст, ки хак аст рост. Зиеиене хастанд, ки начосати миллатанд.

Муҳтарам Сангин Гулов, пас ҳар касе метавонад, иқтибос аз дигарон гфта, алфози қабеҳро истифода бурдан гирад...

хай бо Тутубалина аст

"...САНГИН ГУЛОВ ТАЪКИД НАМУД, КИ МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚӢ НИЗ БА ТАВРИ УМУМ ДАР МАТЛАБИ ТУТУБАЛИНА НАҚЗ НАШУДААНД, ЧУН МУАЛЛИФ АЗ ИҚТИБОС КОР БУРДА, [b]СУХАНИ ЛЕНИНРО ДАР МАВРИДИ ЗИЁИЁН ИСТИФОДА КАРДААСТ..."[/b]
Хай, кардааст, охир? Акнун қойил шудед, ки О.Т. зиёиёни тоҷикро дашном додааст??? Боз чӣ даркор? Аз он ҷумла шуморо низ, оқои Гулов. Худро ба карӣ наандохта, думболи нангу номуси миллӣ шавед! Дар пеши шогирдон чӣ ҷавоб медиҳед?Аз онҳо патриот месозед ё таҳаммулпазирони таҳқиру ҳақорат? Як маротиба мақолаи "ЭЪТИРОЗИ" Зафарро дар ин сайт хонед. Шояд хулосаатонро тағйир хоҳед дод.

хусайн
О.Т.,дар маколааш чизи нав е тахкиромезе нанавишта, танхо аз раннгивазкунихои бозори собир ва амсоли онхо нигошта.Агар хазми ин макола ба барке аз зиеиени точиик душвор аст,пас эшон бояд рисолати хешро бо пулу мол нафурушанд. Зиеи шахсиятхои худогох ,сарсупурдаанд,ки бо ормонхои милли содиканд . На хар чавнамои гандумфуруш!

хусайн
Аввал макопаро хонед. Баъд ин Бозорро дидед:гох ин тараф гох он тараф,гох аз газал,гох аз дин,гох аз класикон хушаш намеояд. Магар ин зиеи аст? Ахлот, начас! Агар зиеиен рисолати хешро рохандози накунанд,аз ормонхои милли пуштбони накунанд пас кистанд? Наход хар замон назару акидаатро дигар шавад. Е шабехи бозаргонон;хама чиз фурухта ва харида мешавад. Зиеи бозаргон нест! У инсони худогох, далер, сарсупурда, рохнамо ва содик ба ормонхои миллист.

хусайн,
Ин бори аввал нест, ки русҳо тоҷиконро дашному таҳқиру ҳақорат мекунанд. Маъмулан онҳо аз Русия истода саг барин аккос мезананд. О.Т. дид, ки тоҷиконро чизе гӯйи парво надоранд, мисли ҶӮГИҲО. Тоҷикро кушта, ронда, таҳқиру шантаж карда мешудааст. Аз ин рӯ ӯ шерак шуда, ин бор дар маркази мамлакати тоҷикон ба таҳқир пардохт. Аз назари ӯ "гунаҳгоронро" ном ба ном не, балки ба сифати умум, ҳамаро! Чи тавре ки мебинем, он зан хато накард. Боз ҳамон хомӯшӣ. Боз ҳамун бетафовутӣ. Боз ҳамон дудилагиву тарсувӣ. Илова бар он иддае худи тоҷикон ба ӯ қарсак мезананд. Мана миллату мана ғуломсифатӣ. Мегӯянд, ки вақте Ҷордане Бруноро дар майдон дар оташ месӯзонданд, зане аз байни мардум берун шуда, болои оташ ҳезум мепартофтааст. Инро Ҷ.Бруно дида, "Ай, соддагии муқаддас" гуфта будааст. Ҳоло тоҷикон монанди ҳамон бевазан шудаанд. Аз соддагӣ, ба кушанда ва таҳқиркунандаи хеш қарсак зада, ӯро шодбош мегӯянд. Худо аз ин гуна миллати ҳалқабаргӯши ғуломсифат нигаҳ дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)