Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:50

Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имзо шуд

3 август 2011, 09:04

Рӯзи 2-юми август қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз сӯи  райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.


Тавре қаблан иттилоъ дода будем, тарҳи ин санад аз ҷониби вакилони ҳар ду палатаи парлумони кишвар ҷонибдорӣ гардида,  барои баррасӣ ва тасвиб ба президент ироа гашта буд.

Дар ҳамин ҳол, мақомот ва коршиносони наздик ба давлат қабули ин қонунро барои парвариш ва такомули як инсони дорои заковат ва донишҳои олӣ басо муҳим хонда ва онро як тарҳи сирф тоҷикӣ дар арсаи қонунгузорӣ баҳогузорӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки  як бахше аз ҷомеа ба ин тарҳ мухолифат карда, аз таззоди чанд нуктаи он ба Қонуни асосии Тоҷикистон ва эҷоди маҳдудиятҳои эҳтимолӣ барои наврасону ҷавонон интиқоди шадид кардаанд. Бахусус, ин афрод ба нақз шудани таълими динии кӯдакону наврасон дар лоиҳаи ин қонун ишора мекунанд.
Бояд гуфт, тарҳи қонуни мазкур ҳанӯз дар моҳи декабри соли гузашта таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод шуда буд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!