Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:13

Задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон як кушта барҷой гузошт

23 ноябр 2013, 10:33

Амалиёти махсуси Агентии назорати маводи мухаддир ва Кумитаи амнияти миллӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, бо задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиёни афғон анҷом ёфтааст.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ин задухӯрд шаби панҷшанбе, 21-уми ноябр, рух дода, дар ҷараёни тирпаронӣ яке аз саркардагони гурӯҳи ҷиноятпешаи мухаддиротӣ кушта ва аъзоёни гурӯҳ дар он тарафи сарҳад паноҳ бурдаанд.

Манбаъ мегӯяд, қочоқчиёни афғон, ки бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ буданд, аз торикии шаб истифода бурда, кӯшиш намуданд маводи мухаддири ҳаҷман калонро аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Агентии назорати маводи нашъовар мегӯяд, дар пайи задухӯрд дар ҷои ҳодиса як халта маводи нашъаовар, 2 адад норинҷаки дастии зиддипиёдаи Ф-1 ва дигар лавозимоти ҷангӣ ёфт ва мусодира гардидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ташхис нишон додааст, ки маводи гирифташуда, навъи “ҳашиш” ва “каннабис” буда, вазни он 15 килоро ташкил додааст.

Ин ниҳод таъкид мекунад, ки ин амалиёт давоми якчанд моҳ коркард шуда, дар пайи он канали махсусан калони интиқоли маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минбаъд ба Русияву Аврупо баста шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!