Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:51

Мақомҳои нави Хидирова, Раҳимов ва Муҳиддинов

23 ноябр 2013, 11:41

Эмомалӣ Раҳмон ба сифати раиси Ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми ноябр, қарореро, имзо намуд, ки тибқи он Хидирова Махфират Умаровна, раиси нави Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон таъин карда шуд.

Хидирова Махфират дар ин мақом Тағоева Сумангулро иваз намуд, ки ахиран вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъин гардид.

Махфират Хидирова то ҳол вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд, ки 6 сентябри соли 1973 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлобро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус хатм кардааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Инчунин тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо қарорҳои ҳукумати кишвар Раҳимов Султон Нурмаҳмадович муовини якум ва Муҳиддинов Пулод муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд. Пулод Муҳиддинов қаблан муовини якуми Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Махфират сидкан вазифаи наватро аз номи кулли дустонат табрик мегуем. Сарбаланд бошй ва Худованди бузург пуштибонат бошад. Рахимчон ва кулли дустонат.
Посух додан
  • tojik

  • 24 ноябр 2013 23:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ozodagon xidirova dar kadom maktabi kulob xondaast va az kadom oila hast navised iltimos.
Посух додан
  • мусо

  • 25 ноябр 2013 09:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хидирова як духтари дехоти механизатори колхоз мебошад, бо кувваи худ донишгохро хатм намуда доктори илмхои фалса гардидааст у хечкас надорад, кадри арзанда мебошад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!