Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:44

ВИДЕО: Таксиҳои 3-сума, қурутобу қурбонӣ ва кӯҳҳои Помир дар барномаи “Орел и решка”

24 ноябр 2013, 17:21

“Орел и решка” барномаи машҳури маърифатӣ-фароғатӣ, ки нимаи моҳи октябр дар шаҳри Душанбе ва куҳҳои Помир наворбардорӣ шуда буд, ахиран тариқи шабакаи “Пятница» пахш гардид.

Анастасия Короткая ва Андрей Бедняков, барандаҳои барнома дар рӯзҳои истироҳат ба шаҳрҳои мухталифи дунё мераванд ва аз рӯи шарти барнома яке аз барандагон бояд рӯзҳои шанбе ва якшанберо бо харҷи ҳамагӣ 100 доллар ва дигаре бо маблағи бемаҳдуд дар корти бонкияш рӯзҳои истироҳатро пушти сар кунад. Онро, ки кадоме аз барандаҳо шоҳона ва кадоме сарфакорӣ хоҳад кард, қуръапартоӣ, яъне "орел" ё "решка" муайян мекунад.

Қуръапартоӣ муайян кард, ки Андрей Бедняков бояд дар Душанбе, ҳамагӣ бо харҷи 100 доллар рӯзҳои истироҳат гузаронад. Ӯ нархҳои Душанберо хеле арзон дарёфт ва таъкид намуд, ки бо 100 доллар худро дар пойтахти Тоҷикистон чун миллионер эҳсос мекунад. Бедняков аз кӯчаҳои Душанбе, майдонҳо, масҷиди марказӣ, хонаи сокинони оддӣ дидан карда, таассуроташро баён намуд.

Анастасия Короткая, ки корти тиллоӣ дар ихтиёр дошт, қарор кард аз Помир дидан намояд ва роҳи бузурги Абрешимро аз наздик бинад.

Дар охири барнома Короткая ба Душанбе баргашта, дар тарафи Боғи Айнӣ, таги як харсанге, 100 доллари амрикоиро пинҳон намуд, ки ҳар сокини шаҳр метавонанд онро пайдо кунад.


ВИДЕОИ БАРНОМАИ "ОРЕЛ И РЕШКА" ДАР ДУШАНБЕ ВА КУҲҲОИ ПОМИР


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Намедонам маслихатгархои инхо ки буданд, аммо Точикистонро хеле бад нишон доданд. На ягон симои зебо, на ягон чои хуб, на кори хуб. Будои 12-метраро Курутобхонахои милли бошанд, умуман чое хастанд, ки ончо антисанитария аст! Хамаашро бастан даркор! Шармандаги! Ба мо Пётри 1 ё Ататурки худи лозим, ки мадани шавем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Факат минуса намоиш додаанд. Ин кор нодуруст мебошад!
Посух додан
  • бону

  • 25 ноябр 2013 08:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бо ин тарзи давлатдорию хукуматдори магар пилюс хаст? агар бошад мархамат нишон дихед. хама "плюс"хо фалш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!