Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:44

Занони тоҷик баъди посухи радди ҳукумати Тоҷикистон ба Русия муроҷиат карданд

25 ноябр 2013, 12:29

Як гуруҳ занони тоҷик ба Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия муроҷиат карда, ихроҷи шавҳарҳои бевафояшонро талаб кардаанд.

Тавре рӯзномаи маъруфи бритониёгӣ "The Independent" менависад, занони тоҷик хоҳиш намудаанд, шавҳарҳою фарзандоне, ки онҳоро дар Тоҷикистон тарк карда, ба Русия рафтаанд, ихроҷ шаванд.

Моҳру Холова, яке аз муроҷиаткунандагон гуфтааст, шавҳараш чанд сол боз ба Русия рафта, аз хонаводаи тоҷикаш умуман робитаро кандааст: “Дигар барои таъмини фарзандонаш маблағ равон намекунад. Фаҳмидам, ки ӯ дар Русия зан гирифта, зиндагӣ дорад. Бигзор ӯро ихроҷ кунанд. Шояд он гоҳ ба хонаю оила баргардад.”

Қаблан барои ҳалли мушкили азҳампошии оилаҳои муҳоҷирон Саодат Амиршоева, вакили парлумони Тоҷикистон низ пешниҳод намуд, ки шавҳарҳое, ки хонаҳояшонро дар Тоҷикистон тарк кардаанд, дар Русия дарёфт ва ихроҷ шаванд. Ҳукумати Тоҷикистон ба пешниҳоди Саодат Амиршоева, узви Маҷлиси Намояндагон, дар бораи ихроҷи муҳоҷироне, ки аз супоридани алимент ба фарзандони кӯчакашон сарпечӣ мекунанд, посухи рад додааст. “Аз ҳукумат хулосае омад, ки ин пешниҳодро дастгирӣ намекунанд. Дар он гуфта шудааст, ин тағйиротро як бори дигар коркард карда, дар дигар шакл пешниҳод намоям, ҳарчанд, фикр мекунам, ҳамааш дуруст аст.”-гуфт дар суҳбат ба "Озодагон", Саодат Амиршоева.

Амиршоева афзуд, ин пешниҳоди ӯ ба нафъи модаронест, ки ба танҳоӣ фарзандони кӯчаки худро бузург мекунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, “падароне ҳастанд, ки зану фарзанди худро гузошта, ба муҳоҷират мераванд ва фарзандон аз муҳаббат ва дастгири молӣ аз тарафи падарон маҳрум мешаванд. Дар ҳар вохӯрӣ занҳо аз ман домангир мешуданд, ки Шумо вакил ва ҳуқуқшинос мебошед, аммо як намуди ҷавобгарӣ дар мавриди пардохт нашудани алимент ба фарзандон пешниҳод намекунед. Аммо барои чӣ ин пешниҳод пазируфта нашудааст, ҳайронам.”

Теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия ҳудуди 1,5 миллион нафар арзёбӣ мешавад ва ин муҳоҷирати оммавӣ азҳампошии хонаводаҳоро дар Тоҷикистон зиёд намудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Берӯй

  • 25 ноябр 2013 12:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар нисбати ин мардҳо Завҷаҳояшон меҳрубон мешудан кор ба ин дараҷа намерасид. дар Россия занҳои рус нирускиҳора, ки меёбанд чунон меҳрубонӣ мекунанд, ки ин мардҳо баъди ҷанҷоли занҳои тоҷик меҳрубониҳое, ки аз занҳои рус мебинанд дигар фикри занҳои тоҷик ва ҳатто фарзандони худро аз ёд мебароранд. Хулоса агар нисбати шавҳарҳоятон меҳрубон мешудед онҳо Шуморо фаромуш намекарданд. Ин талаби Шумо беасос аст зеро бо қонун мухолифат мекунад. дар ягон давлати дунё қонуне нест, ки муҳоҷиронро бе асос аз марзи худ берун кунад, аз ин рӯ худатонро ғам надиҳед ва бо онҳо тариқи телефон муомилаи хуб кунед шояд илоҷи корро меёбед. Озодагон чоп кун шояд ба ин занҳои роҳгумзада таскин бахшад!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

О бооооо!!! ба Шумо нав шавҳар лозм шуд то динара суршон мекардед, ки рафта пул кор кунед, шумо агар дурандеш мешудед ба онҳо чунин рафтор намекардед, ана ёбу гир ба фикрам баъзеи мардҳои тоҷик дар Россия наберадор ҳам шудаанд.
Посух додан
  • занбезор

  • 25 ноябр 2013 20:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хам ба ин бародар (Беруй) хамфикрам! 100% занхо гунахгоранд!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Апаи Саодат, шумо ба ҳамин ҳукумат бовар кардед? О, ҳар қадар бештар мардҳо аз мамлакат баромада раванд, ҳамон қадар барои ҳукумати Тоҷикистон проблема камтар мешавад. Шумо инро то ҳол нафаҳмидед? Маҳз аз ҳамин хотир шӯъбаҳои шиносномадиҳии кишвар ба ҷавонон бо ному насаби сирф тоҷикӣ шиноснома намедиҳанд. Сабаб? "Бо номҳои бидуни "-ов, -ев, -вичу,- пич" шумо ба Русия рафта наметавонед. Шуморо аз аэропорти Маскав мегардонанд!" Ин далели радди кормандони ниҳодҳои шиносномадиҳӣ будааст. Дар ин бора бисёре аз ҷавонон шикоят мекунанд. Маълум мешавад, кадом як барномаи махфие вуҷуд дорад, ки ҳарчи бештар мардҳо аз Тоҷикистон хориҷ карда шаванд. Чун кор ва маъош нест, онҳо метавонанд вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоиро муташаннуҷ бикунанд.
Хулласи калом инки, маҳз бо ҳамин андеша масъули заҳмати шуморо дар ҳукумат рад кардаанд. Банда хеле мутаассифам. Вале набояд рӯҳафтода шуд. Муборизаро идома диҳед.
Посух додан
  • Бадрӯй

  • 26 ноябр 2013 10:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар зани боақлу бо маърифат бошад ҳеҷ гоҳ шавҳарашро аз назди худ ба Ф.Росия равон намекунад ва ҷойгаҳи гарми худро сард намекунад. Чуноне, ки бародари "берӯй" гуфтааст, чи магар ҳамсоя ба Росия рафт ва пул кор кард, аз куҷо медонед ки шавҳарҳои шумо ҳам рафта пул кор мекунанд. Мумкин шавҳарҳои Шумо дар ҷое меафтанд, ки ба онҳо маошашашонро сари вақт намедиҳанд ё агар диҳанд ҳам нафаре аз байни худи онҳо ёфт мешавад, ки уро барои маблағҳояш мекушанд, ки мо қариб ҳар рӯз хабари мудани 2 ё 3 нафар муҳоҷирро мефаҳмем. Аз ин рӯ бояд Ватанро обод кард на мулки мардумро.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Беруй дар хакикат беруй будаи ту,ки Марди ин гуна ,фикр дошта боши бад аз он Зан чи тавр ,фикр кунад? Авалаш аз номи худат ,фикратро баён мекарди,на аз руи дигар Мухочироне,ки нагу номус доранд барои Зан ,Модар ,фарзанд таёран чони худро диханд. Гап дар он аст,ки зан гирифтанд, дар Руссия ин ихтиёри хама гуна мард аст. Ва,лекин Мард акалан 2000-руб дар як ,ду мох наметавонад барои фарзандонашон равон кунад? Барои Зани Точик аз хама мухим ин аст,ки тифлаконаш грусна намонанд.Ту боши Беруй занхои ,Русро боло медори аз зани Точик,фаромушт накун,ки,бемор шави ё солат равад, саги дайдуро,бех медонад ,зани Рус аз ту. Боз конунро медониву аз конун харф мегуи?авал,ки конуни Шариат ба ту чи мегуфт, дар ,вакти никохат? .Дуюм конуни бе махсулияти нисбати фарзандат чи мегуяд?Мо Мардони ,Точики Мухочир хоиш дорем,ки ин гуна бе номусони мухочиро ,як умра Руссия аз марзи худ берун кунад.
Посух додан
  • Берӯй

  • 27 ноябр 2013 11:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародаре, ки ба Берӯй Посух навиштӣ!!! Аввалаш он, ки ту ҳам аз номи ҳамаи муҳоҷирон баромад накун!!! ман дар ҳакикат хато кардам, ки аз номи ҳама дар баъзе ҷой омадааст!!! Ки ба ту гуфт, ки ихтиёри ҳар як мард аст, ки дар Ф.Россия зан гирад, мувофиқи Шариати Исломӣ то розигии зани ҳалолиат набошад ту ҳақи зани дуюмро гирифтан надори беодоб!!!, ба ту агар зану фарзандат Азиз мешуданд ин гапа намегуфти!!!, Ман нагуфтам, ки ту тифлаконро гурусна мон меҳнат кун фарзандонатро хурон!!!, Дар куҷо ман зани русро аз зани тоҷик боло аст гуфтам, ту нағзтар маънии суханро дарк кун!!!, ба фикрам занҳои рус туро фиреб додаанд, ки дилат алам дорад!!!, Ҷиҳати қонунро бошад ман дуруст ва бехато гуфтам ва боз такрор мекунам, ки муҳоҷиронро ягон давлат бе гуноҳ ё дигар ҳолатҳо ҳуқуқи аз қаламрави худ пеш карданро надорад, инро ман аз Конвенсияҳои Байналмилалӣ чизе, ки хондаам гуфтам беодоб!!!, Боз гуфтаи, ки """""Мо Мардони ,Точики Мухочир хоиш дорем,ки ин гуна бе номусони мухочиро ,як умра Руссия аз марзи худ берун кунад""""""""ту чизе, ки хоҳи гуфтан мегирӣ, дар Ф.Россия мардоне ҳастанд, ки дар як моҳ 500 ҳазор ва аз он ҳам зиёд маблағ мефиристанд ва 10 оиларо мехуронанд, ки ман бевосита шоҳиди ин ҳастам ва чизе ки дидаам ҳамонро гуфтестам ва онҳо аз ҷои корашон розианд, ту аз номи худат гап зан Мо муҳоҷирон гуфта ҲОФИЗИ НАКН!!!! бо ягон притензияи дигар дошта бошӣ ман интизори навитаҳои ту БЕОДОБ. Озодагон Чоп кун ИЛТИМОС, ки Сарама вайрон кард и бача ИЛТИМОС!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • Моҳру

  • 6 декабр 2013 12:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо як чизро нафаҳмидем, ҳамин Моҳру Холова қаҳрамони Озодӣ набуд? Чаро манбаро як расонаи берун аз Тоҷикистон "The Independent"-ро нишон медиҳеду, Озодиро не. Ҳол он ки "The Independent" ин маводро аз Озоди бознашр кардааст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!