Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:32

Дар Душанбе боз замин ҷунбид

25 ноябр 2013, 22:15

Соати 22:06 дар Душанбе замин ҷунбид. Дар як моҳи охир ин чорумин ҳолати заминларза аст. Дар қиёс ба зилзилаҳои қаблӣ шиддати заминҷунбии имшаб хеле заиф буд.

Ёдовар мешавем, рӯзҳои 10 ва 11 ноябр низ дар Душанбе замин ҷунбид. Шиддати сахти заминро сокинони пойтахт ва навоҳии атрофи он эҳсос карданд.

Дар лаҳзаҳои аввали заминларза Марказҳои зилзиласанҷии ҷаҳон шиддати онро дар марказаш 5,5 ва дар Душанбе 5,2 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер гуфтанд. Аммо ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, шиддати ларзиши замин дар маркази он – 26 километрии ҷанубу шарқии Душанбе дар қаламрави ноҳияи Ёвон, 4,7 балл будааст. Дар пойтахти кишвар бошад, шиддати заминҷунбӣ 4 баллро аз рӯи ҷадвали Рихтер ташкил додааст.

Ин ду зилзила дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат даҳҳо манзилро хароб кард. Дар мавриди хисороти заминҷунбии имшаб алъон иттилое рӯи даст нест.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарону хохарони гироми!
Бисёр шахсон чунбиши заминро ба табиат нисбат медиханд. Ва хаёл мекунанд, ки зилзила ба гуноху маъсияти мардум ягон дахл надорад.
Зилзила сабаби табиъи дорад вале барои зилзила сабабгор лозим аст. Сабабгори зилзила ин гуноху маъсият мебошад.
Марде хамрохи Анас ба назди Оиша разияллоху анхо дармада мегуяд:
Ба ман дар бораи зилзала хабар дихед!
Оиша дар чавоб фармуд:
"Харгох ахли замин зиноро халол шуморанд ва шаробнуши кунанд ва мусикинавози кунанд , Аллох дар осмон рашк намуда, ба замин мегуяд: Бичунб! Агар тавба кунанд, начот меёбанд ва илло бо он зилзила халок мегардонад".
Он мард мегуяд: Ин бар онхо азоб аст?
Дар чавоб мегуянд:
"Балки панду рахмат барои муъминон ва азобу газаб бар кофирон".
Посух додан
  • Сокин

  • 26 ноябр 2013 09:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикрам дар Озодагон мумкин замин чунбидаги. Хабари дуруга овоза кардан чи даркор?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИН ЧОР БОРИ ЗАМИНЧУМБИ ДАР ТОЧИКИСТОНИ МО ТИБКИ ТАЧРИБАХО НОРМАЕ БУД КИ БОЯД КАМАШ ДАР ДАХ СОЛ МЕЧУМБИД ХАМА СОЛА ХАМИНХЕЛ БУД ЛЕКИН ХУДОВАНД НИГАХДОР БОШАД ДАР ИН МУДАТИ КАРИБ ЯК МОХ ЧОР БОР ЧУМБИД
ИН ТАБИЪАТ НЕСТ АЗ ГУНОХОНИ БИСЁР АСТ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вулқоне (Volcano), ки зуд-зуд дар мамлакати Италия ва кишвари Индонезия зоҳир мешавад, ки мефиристонад? Дар ин бора илми илоҳӣ чизе гуфтааст? Ҳамин шабу рӯз дар он ҳарду нуқот вулқон бедор шудааст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!