Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:15

Шаҳрдори Душанбе хост, ба сокинони пойтахт ширро 3,5 сомонӣ фурӯшанд

26 ноябр 2013, 10:46

“Комбинати шири Душанбе” муваззаф шуд, ҳамарӯза аз соати 6:00 то 9:00 ва аз соати 18:00 то 20:00 дар ҳудуди шаҳри Душанбе ширро бо нархи 3,5 сомонӣ ба савдо барорад. Назораи ҷараёни амалишавии ин амр бар души Комиссияи ҷамъиятӣ вогузор шудааст. Дар ин бора дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ, ки бо ширкати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, таъкид гардидааст.

Бино ба иттилои Шавкат Саидов, сухангуи раиси шаҳри Душанбе, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин ба қарор “Дар бораи статуси пойтахти Тоҷикистон” дахл намудааст, ки парвариш ва нигоҳдории ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолиро дар марзи пойтахт манъ мекунад: “Маҳмадсаид Убайдуллоев бо нигаронӣ аз фаъолияти анҷомгирифта, дастур фармуд, ки зери садорати раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ - Сатторӣ Иззатулло дар таносуби ноҳияҳои шаҳр бо инобати тадбирҳои роҳандозигардида, ҳолати мавҷуда тавассути инвентаризатсияи чорво ва дигар ҳайвоноти нигаҳдошташон дар марзи пойтахт мамнуъ вазъи воқеии риояи қонуни мазкур аз ҷониби шаҳрвандон бо роҳи васеъ ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ мавриди санҷиш қарор дода шавад”.



Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!