Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:50

Ошкор шудани тақаллубкории «Газпромнефт-Тоҷикистон» ва «Кӯлобнафтрасон»

3 август 2011, 11:30

Агентии Тоҷикстандарт тақаллубкории ширкатҳои «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Кўлобнафтрасон» ва нуқтаҳои фурўши сўзишворие, ки маҳсулоти ширкати «Умед-88» -ро ба фурўш гузоштаанд ошкор намуд.


Тавре аз маркази матбуотии ин агентӣ  ба хабаргузории «Озодагон»  иттиллоъ доданд, зимни як санҷиш маълум мегардад, ки ба ҷуз аз ҷавобгў набдани сифати сўзишворӣ  ба талаботҳои меъёрӣ , инчунин аз тарафи фурўшандагон 10 ҳолати фиреб, яъне бо роҳи кам рехтанӣ  сўзишворӣ  ба муштариён ошкор шудааст.

Бино ба қавли манбаъ, ширкатҳои мазкур (Газпромнефт-Тоҷикистон, Кӯлобнафтрасон ва Умед-88) барои чунин амалашон тибқи моддаи 627-и кодекси ҳуқуқвайронкунӣ ба ҷавобгари маъмурӣ  кашида шудаанд. Масъулини Тоҷикстандарт тайи  7- моҳи ахири соли равон бо ба қайд гирифтани 62- ҳолати тақаллубкорӣ , дар маҷмўъ 919 тонна сўзишворирии нафтиро, ки ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ  аз рўи нишондоди адади октанӣ ҷавобгў набуданд, ошкор намудааст. Бино ба маълумоти манбаъ, вақтҳои ахир  арзу шикояти мардум нисбати нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ  дар хусуси ҷой доштани ҳолатҳои фиреби харидорон ва паст будани сифати сўзишворӣ зиёд шуда истодааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!