Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:50

Азиза: “Агар Ҳукумов кумак накунад, ба додгоҳ месупорем”

28 ноябр 2013, 10:57

Модари Азиза Рӯзиева ва Шокир Маҳкамов, ду маҷруҳи садамаи шаби 9 октябри соли ҷорӣ, мегӯянд, ҳанӯз дар интизори кумаки хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов) -- раиси Роҳи оҳан нишастаанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, тамоми табобати фарзандони маҷруҳашон бо пули қарз анҷом гирифта, бояд вомҳо баргардонда шаванд.

Садамаи шаби 9 октябр, ки бо иштироки мошини Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонулло Ҳукуматулло, дар маркази Душанбе иттифоқ уфтода буд, се кушта ва се маҷруҳ бар ҷой гузоштааст. Азиза Рӯзиева мегӯяд, дар рӯзҳои аввал намояндагони хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло барои ҷарроҳӣ ва табобати онҳо кумак карда, ҳоло тамоман аз худ дарак намедиҳанд ва аз ҳолашон низ намепурсанд. Ӯ афзуд, “модари ману Шокир нақша доранд, як бори дигар ба назди Амонулло Ҳукуматулло бираванд. Агар ин дафъа ҳам кумак накунанд, ба додгоҳ муроҷиат мекунем. Мо тамоми харҷи беморхонаро қарз гирифта, супоридаем.” Қаблан, Гулнора Рӯзиева -- модари Азиза ва модари Шокир Маҳкамов, ду бор 8 ва 9 ноябр, барои кумакхоҳӣ ба ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон рафта буданд. Аммо онҳо натавонистаанд бо Амонуллои Ҳукуматулло суҳбате дошта бошанд.

Шокир Маҳкамов, яке аз маҷруҳони садамаи нақлиётии шаби 9 октябр, баъд аз се ҷарроҳӣ, ҳоло аз беморхона мураххас шудааст. Азиза Рӯзиева дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Шокир Маҳкамов баъд аз ҷарроҳии севум 25 ноябри соли ҷорӣ аз беморхона мураххас шудааст. Худи Азиза Рӯзиева 13 ноябри солӣ ҷорӣ аз беморхона ҷавоб шуда, айни ҳол дар хона бистарӣ аст ва то ҳол пурра табобат нашудааст. Азиза дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, вазъи саломатиаш то ҳол хуб нашудааст ва ба табобат ниёз дорад.



Садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод, се кушта ва се маҷруҳ бар ҷой гузошт. Мақомот дар лаҳзаҳои аввал Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳами ин садама эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст.

Бо ин ҳол, ин садамаи маргбор дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, хабари ба Олмон фирор кардани ӯ низ паҳн гардид. Аммо Амонуллои Ҳукуматулло ин ҳамаро иттиҳоми сохтаву бофта номида ва гуфт, расонаҳо дар мавриди садамаи шаби 9 октябр ахбори беасос ва носанҷида нашр мекунанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • а

  • 28 ноябр 2013 11:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То суд гунахкор будани Хукумовро тасдик накунад аз у ягон мабалг ситонида наметавонед. Бехтар мебуд агар дар вакташ аз паси фарзандонатон назорат мекардед то ин ки то соати 2 шаб дар марказхои дилхуши нагарданд.
Посух додан
  • И

  • 28 ноябр 2013 13:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чиба то соати 2 и шаба нагарда

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!