Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:46

Ҳусни Муборак дар додгоҳ иттиҳомотро радд кард

3 август 2011, 12:40

Президенти  собиқи Миср Ҳуснӣ Муборак имрӯз дар додгоҳ иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд кард.

Муборак ба фасод ва судури амри куштори садҳо эътирозгаре, ки дар моҳи феврали соли равон суқути ҳукумати 30-солаи ӯро талаб мекарданд, айбдор мешавад. Ҳуснӣ Муборак, ки ба нахустин мурофиааш ба иллати беморӣ дар як тахти равон эҳзор шуд, гуфт, иттиҳомоти воридаро комилан радд мекунад.

Дар сурати тасдиқи  ин иттиҳом ба Муборак ҳукми қатл таҳдид мекунад. Ҳамроҳ бо Муборак ду писари ӯ – Ало ва Ҷамол - ва вазири собиқи умури дохила Ҳабиб Адливу 6 афсари аршади собиқ  низ ба додгоҳи Қоҳира ҳозир шуданд. Ало ва Ҷамол низ иттиҳомотро радд карданд. Дар ҷараёни эътирозҳои Миср бо талаби истеъфои Муборак дар аввали соли ҷорӣ ҳудуди 850 тан  кушта шуданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!