Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:28

Ҳамсабақону омӯзгорон дар бораи Расули Амонулло

28 ноябр 2013, 17:10

Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонулло Ҳукуматулло -- раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки дар мактаби байналмилалии президентӣ дар маҳаллаи “Калинин”-и Душанбе таҳсил мекард, чанд моҳ аст, ба ҷои таҳсилаш ҳозир намешавад.

Дар ин бора ба “Озодагон” муаллимон ва ҳамсабақони Расули Амонулло хабар доданд. Номи Расули Амонулло баъд аз садамаи шаби 9 октябр, ки дар маркази Душанбе бо иштироки ӯ иттифоқ уфтода, се кушта ва се маҷруҳ бар ҷой гузошт, рӯи забонҳо омад.

Ҳамсинфони Расули Амонулло дар Мактаби байналмилалии президентӣ мегӯянд, ӯ аз аввали соли хониш ба мактаб наомада ва дар дарсҳо иштирок нанамудааст. Ба қалви онҳо, Расул соли гузашта дар ин мактаб мехонд ва имсол шояд ба ягон мактаби дигар гузаштааст, ки то ҳол дар мактаби президентӣ пайдо нашудааст. Мусоҳибони мо иброз доштанд, ки ӯ вақти дар ин мактаб хонданаш сари фармони мошин наменишаст. “Мисли баъзе аз хонандагони дигар ӯро ба мошин оварда мебурданд. Ба дарсҳо низ меомад. Аммо хеле шуд, ки Расулро надидаем. Хабар ёфтем, ки ба садама дучор шудааст”,-афзуданд онҳо.

Як омӯзгори Мактаби байналмилалии президентӣ, ки ба Расули Амонулло ҳангоми синфи 8 ва 9 буданаш дар яке аз гимназияҳои Душанбе ҳам таълим додааст, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Расул бачаи бад набуд. Ӯ, ки нахост номашро зикр кунем, афзуд, “Расул аз нигоҳи одобу ахлоқ бачаи баде набуд. Муносибаташ нағз буд, ба мактаб низ меомад. Дар дарсҳо иштирок мекард.”

Аммо маъмурияти Мактаби байналмилалии президентӣ ба далели кори бисёрашон аз сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” худдорӣ карда, дар бораи таҳсил ва муносибати Расули Амонулло чизе нагуфтанд.

Садамаи шаби 9 октябр дар маркази Душанбе номи Расули 16-сола ва падари ӯ – Амонулло Ҳукуматуллоро дар сархати расонаҳо қарор дод. Ҳоло Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ парвандаи маъмуриеро баррасӣ дорад, ки дар он модари Расул барои нақзи қонуни “масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон” муттаҳам мешавад. Ҳарчанд дар оғоз номи Расули Амонулло ба ҳайси муттаҳами садама ном бурда мешуд, ҳоло мақомот мегӯянд, ин садама бо гуноҳи Умар Шарифов рух додааст, ки дар сари фармони мошин буд. Вазорати умури дохилӣ алайҳи Умари 22-сола парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ӯро таҳти пайгард қарор додаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ФИРДАВС

  • 28 ноябр 2013 20:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БО ШАРИПОФА АЙ КУЧО ПАЙДО КАРДЕ ХУКУМОВ ОДАМ КУШТАЙ МАХКАМУШ КУНЕ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фарз кардем, агар ба ҷойи ин бача ягон бачаи камбизоат мешуд, кайҳо паси панҷара менишаст. Вале инҷо фарз ҳам карда намешавад, зеро фарзандони ашхоси камбизоат бо туфангчаи "Макаров" дар даст, шабҳоро дар пойгаи мошинҳо рӯз намекунанд. Бо "мехчагулҳо" дар бару ресторанҳо намегарданд. Ин фарзандони ашхоси "нувориш" (бойҳои нав) ва қаҳрамонони ҷанги бародаркуш ҳастанд, ки масту аласт шуда, ба сари дигарон бадбахтиҳо меоранд! Агар дар бораи Расули Амонулло ба ИНТЕРПОЛ хабар диҳанд, зуд пайдо мешавад.
Посух додан
  • tojik

  • 28 ноябр 2013 22:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
dar hakikat dar sari ruli moshin in rasul nabudast.
Посух додан
  • ААА

  • 29 ноябр 2013 07:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
tojik,
Бачаи камбизоат мошинро аз кучо гирад?
Посух додан
  • Jon

  • 29 ноябр 2013 08:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Salom Mardum,

agar yodatonba boshad bachai Kabirii ham yakasroo ruzii janozaii modarii kabirii pakhsh kardaa kush. Milisahoo ba zudii giriftaa onroo burdaa dar milisakhona makhkam kardand lekin jabrdidagon az bahrii gunohashon guzashtaa budan. Ana dar in holat boshad chii? chand kasroo kush, chand kasiri digarroo mayub kard lekin hama khap ast. Burdaa 20 sol pisarashroo va padarashroo dar kritii turmaa 25 shinondan dar kor ast. Agar ki hukumatii mo khohand ki minbad pisaronii shakhsoni mansabdor hamin kor roo nakunad hamin chizroo kunan in baroi hama dars meshavad digar mebinii ki az 1 umi yanvari soli 2014 pisaroni mansabdoroon odamonii khub shudaaan. Vaqte ki Hukumovroo shinonded boyad hamai molikiyatash davlatii kardaa shavad ki digaro ham tarsan..

khair agar ki amin kor shavad joi gapash nest.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаи ахолии Точикистон ва давлатхои дунё низ медонанд, ки дар чумхурии мо Конун танхо барои мухолифини Хукумат таъсир дорад. Агар аз фарзандони рохбарони мухолифин, яъне хизбу харакатхои сиёсии давлат ба чунин садама ё ин ки фалокат дучор мешуд, шахси гунахкорро дархол дастгир намуда, дар хамаи ВАО намоиш медоданд. Холо бошад хамаи кор дигар хел. Писари "хукуматдор" ба ин амал даст дошта, уро намедонанд чи тавр руйпуш намоянд. То ин ки у доги суди нагирад. Дар холи доги суди гирифтан уро дар оянда дар корхонахои давлати ба кор кабул намекунанд ва ё ин ки хамчун доги суди дошт, худро муаррифи карда наметавонад.
Хамаи гуфтанихои МО бефоидаанд. Чунки дар охир ОНХО худро бегунох тарошида, боз дар сари Хукумат халкро идора карда меистанд. Ба гуфти Шумо ОНХО аз ухдаи идораи давлат баромада истодаанд? Дар оянда давлати МО ба чои карзи ОНХО ба ХИТОЙ фурухта мешавад.
Посух додан
  • Салим

  • 29 ноябр 2013 12:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чахонгир бар падарат рахмати Худо бод. Сухани хакро гуфти!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чахонгир,
Тоҷикистон ҳамин ҳозир дар назди Русия (мардикорон) ва Хитой(кредитҳо) муттаҳам аст. Аз ин хотир ин ду давлат чизе ки гӯянд раҳбарони Тоҷикистон бе чуну чаро иҷро мекунанд. Худо саги кӯча кунаду, муттаҳами касе накунад!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!