Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:28

ВКД мегӯяд, Парвиз аз рӯи рашк Алишерро куштааст

29 ноябр 2013, 15:56

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори Алишери Мансур, сокини 20-солаи ноҳияи Ҳисор, Парвиз Раҳимови 29-соларо боздошт намудааст.

Бар асоси иттилои ин ниҳод, куштор дар заминаи рашк сар задааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз 20 то 28 ноябри соли 2013 Алишери Мансур дар асоси муроҷиати волидонаш ҳамчун шахси гумшуда дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Вале гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯии Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилӣ муайян намудааст, ки "Парвиз Раҳимов, соли таваллудаш 1984, рӯзи 15 ноябр, тахминан соати 15:00 Алишери Мансурро ба хонаи истиқоматиаш даъват намуда, аз ҳиссиёти рашк нисбат ба ҳамсараш, ӯро зери лату кӯб қарор медиҳад ва бӯғӣ карда, ба қатл мерасонад. Сипас, ҷасадро дар чуқурии ҳавлии истиқоматиашон пинҳон намудааст.”

Мақомот мегӯянд, айни ҳол аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Нарканманд аз хисор

  • 30 ноябр 2013 15:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"ВКД мегӯяд, Парвиз аз рӯи рашк Алишерро куштааст"Дуруг махз аст ин Парвиз як герчикай. Бо дуругхои зиёд уро ба хона миёра телфонша мегира то фурушам гуфта! Алишрера мекуша барои як телфон. Баъд занша мурданак мезана ки хабар накаш гуфта. Занш дар балинса ба хуш омад ва коил шуд. ки алишер дар хочатхона партофтан.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!