Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:12

Таъмини амнияти Афғонистон мавзӯи суҳбати Раҳмон ва Ян Кубиш

29 ноябр 2013, 20:00

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ян Кубиш, намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар Афғонистон дидор кардааст.

Торнамои президенти Тоҷикистон хабар дода, ки дар ин мулоқот масоили гуногуни вобаста ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, аз ҷумла таъмини амнияту субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар пас аз соли 2014 баррасӣ шудааст.

“Гуфтугӯ ҳамчунин доир ба авзои кулли минтақа ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Ян Кубиш дар пайи анҷоми нишасти раҳбарони мақомоти мубориза бо маводи нашъадори кишварҳои минтақа, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, сурат пазируфт.

Ҳамоиши мазкур бо ҳузури роҳбарони ниҳодҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон, Русия, Чин, Амрико ва Туркия, ҳамчунин намояндагони раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ва Иттиҳодия Аврупо ҷараён гирифт.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!