Бахшҳо

ВИДЕО: Истиқбол аз Саламшоҳ Муҳаббатов ва гуфтугӯ бо ӯ

Саламшоҳ Муҳаббатов, раиси Федератсияи гӯштӣ (куштӣ)-и озоди Тоҷикистон, баъд аз дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни бузургсолон, субҳи 30 ноябр аз Дубай ба Ватан омад. Ба истиқболи ӯ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе теъдоди зиёди дӯстону наздикон ва варзишкорон омада буданд.

Оқои Муҳаббатов дар лаҳзаҳои аввали фуруд омаданаш аз ҳавопаймо бо “Озодагон” гуфтугӯ анҷом дод ва дар бораи пирӯзияш ва истиқболи гарми сокинон изҳори назар кард. Ӯ гуфт, “барои ман аз ҳама муҳим ин аст, ки парчами Тоҷикистон боло бардошта шуд ва Суруди миллии кишвар садо дод. Дар асл ашки шодӣ ҳам рехтам. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Дубай буданд, хеле мухлисӣ карданд. Аввал Худову баъд мухлисии ҳамонҳо буд, ки ҷои аввалро соҳиб шудам.”



Генерали 53-солаи тоҷик аз истиқболи сокинон, ки субҳи барвақт барои пешвозгирии ӯ омада буданд, изҳори хушнудӣ карда, ба онҳо сипос гуфт. “То замоне ки ҳастам, барои дифои номи Ватан ва шарафаш талош хоҳам кард”,-таъкид кард ӯ. Саламшоҳ Муҳаббатов афзуд, дар асл он қадар барои иштирок дар мусобиқаи оид ба дзюдо омода набуд. “Лекин Нарзулло Каримов, аз дӯстони ман, гуфт, меравем. Вай дилпур кард, ки меравем, иншоаллоҳ, ягон гап мешавад.”

Оқои Муҳаббатов дар мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо, ки аз 25 то 26 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, ба рақибонаш пирӯз омад. Ин паҳлавони шинохтаи тоҷик дар вазни то 90 килограм майдондорӣ карда, дар даври аввал - Владимир Маркелов (Русия), дар марҳилаи нимниҳоӣ Радик Нурмуҳаммадхонов (Русия) ва дар қисмати ниҳоӣ Банжел Ярослав (Чех)-ро мағлуб карда, унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдоро соҳибӣ намудааст.

Генерал Саламшоҳ Муҳаббатов яке аз фармондеҳони пешин дар даврони даргириҳои солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Мӯҳр
Садхо офарин ва муборкбоди ба Саламшо Мухаббатов пахлавони тавонои миллат ва ба диловари далер Хайрулло Назриев. Вокеъан мардони далеру часур ва инсонхои ниятбахайр хастанд. Хуш ба холи онхое, ки дар маросими истикболи у ширкат доштанд. Ман агарчи бо ин пахлавонон ба чузъ хамватани хеч муносибат надорам, агар дар Душанбе мебудам, хатман ба пешвози онхо мерафтам.

Мухлис
Офарин Хилватшо, кандота бзан. Зур!

Исо
Офарин акаи Саламшо пирузи муборак!

Мухаммад
Офарин акаи Саламшох, дар хакикат арзандаи ин унвон хастед.
Худо умри дарозу бо баракат ва дар рохи Худо хизмат карданро насиб гардонад.
Пирузи муборак!

Саламшохро аз овони чавони мешиносм. Богайрату шермард ва часур аст. Дар ин синну сол ба ин унвон расидан он хам дар дзюдо ин худ кахрамонист. Офарин!
Ба Хилватшохи Махмуд низ сипос!

Dev
Hursandem!Oli ! Salomativu piruzi hamesha bo shumo bod !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)