Ҷавонони варзишгари тоҷик дар Норак бо ҳам гуштӣ мегиранд. Дар сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии тарзи озод, ки қарор аст, тайи ду рӯз дар шаҳри «энергетик»-ҳо баргузор шавад, ширкати ҷавонони 18-20 сола дар назар аст.
Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ба «Озодагон» гуфтанд, ин мусобиқот рӯзҳои 25 ва 26-уми май доир хоҳад шуд. Интизор меравад, дар ин сабқат дастаҳои вилоёти Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи марказ бо ҳам вориди рақобат шаванд.
Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ аз 19 то 22 май дар шаҳри Тошканди ҷумҳурии Ўзбакистон чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод доир мегардад. Шарафи Тоҷикистонро дар ин сабқат Юсуф Абдусаломов ҳимоя мекунад.
Мӯҳр