Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:24

Курсии холимондаи Марҳабо Ҷабборова насиби кӣ хоҳад шуд?

3 декабр 2013, 14:45

Ҳумайрои БАХТИЁР

Қарор аст, барои "пур" кардани курсии холимондаи Марҳабо Ҷабборова, собиқ вакили Маҷлиси Намояндагон ва ҳоло муовини нахуствазир, дар ҳавзаи рақами дуи Исмоили Сомонии Душанбе интихоботи миёндаврӣ баргузор гардад. Ин дар ҳолест, ки то замони анҷоми ваколати намояндагони парлумон каме бештар аз як сол боқӣ монда, аҳзоби мухолиф мегӯянд, барои иштирок дар ин интихоботи миёндаврӣ чандон моил нестанд.

Фирдавс Табаров, як масъули Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИР), ҳам дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, то ҳол аз ҳеч ҳизбе расман барои иштирок дар интихоботи миёндаврӣ муроҷиате нашудааст. “Ҳоло мунтазирем. Тибқи қонун бояд давоми 3 моҳи дигар интихоботи минёдавриро дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор намоем. То охири моҳи декабр КМИР дақиқ мекунад, ки ин интихоботи миёндаврӣ кай ва бо иштироки номзади кадом ҳизб баргузор мешавад”,-афзуд ӯ.

Дар интихоботи парлумонии соли 2010 дар ҳавзаи рақами 2-и Исмоили Сомонӣ Марҳабо Ҷабборова, узви Ҳизби ҳокими халқӣ – демократӣ пирӯз гардида, вориди парлумон шуда буд. Ҳафтае пеш ин вакили парлумон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба ҳайси муовини нахуствазир таъин гардид.

Усмон Солеҳ, роҳбари дастгоҳи таблиғоти ҲХДТ, мегӯяд, ҷои мазкур дар парлумон насиби вакил аз ҳизби ҳоким буда, онҳо барои ҳифзи он талош хоҳанд кард. “Мо бовар дорем, агар номзади дигари худро пешбарӣ кунем, пирӯз хоҳем шуд. Аммо наметавонем бигӯем, ки ҲХДТ аз ин ҳавза киро пешбарӣ мекунад. Ин салоҳияти кории ҳизби мо дар ноҳияи Исмоили Сомонист. Қарор аст, дар рӯзҳои наздик бо баргузории конфронси ҳизбӣ ин масъала ҳалли худро пайдо кунад”,-гуфт Усмон Солеҳ.

Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) ва яке аз номзадҳо ба курсии президентӣ мегӯяд, ҳоло ҳизбаш барои ширкат дар интихоботи миёндаврии парлумонӣ тасмим нагирифтааст. Дар асл, мегӯяд, вориди маъракаи интихоботӣ шудан ҳадафи ҳар ҳизби сиёсӣ аст. Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон (ҲСТ) дар тақвияти ин суханҳо, гуфт, ҳалли ин масъаларо бар дӯши ҳамҳизбонаш гузоштааст. “Ҳафтаи гузашта дар Хуҷанд раёсат доштем. Акнун бояд дар Душанбе баргузор намоем. Агар аъзои ҳизб имкони ворид ва пирӯз шуданро дар интихобот бибинанд, пас, мо ҳатман номзади худро пешбарӣ мекунем”,-изҳор дошт Абдуҳалим Ғаффоров.

Олим Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Толиббек Бухориев, муовини раҳбари Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳам дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, тасмими ниҳоии худро барои ширкат дар интихоботи миёндаврии парлумонӣ баъд аз баргузории ҷаласаи ҳизбӣ эълон хоҳанд дошт.

Ҳикматулло Сайфуллозода, узви раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, ҳизби онҳо дар интихоботи гузаштаи миёндаврӣ борҳо ишитрок карда, талошҳояш барои соҳибӣ кардани курсии холимондаи парлумон беҳуда будааст. Оқои Сафуллозода мегӯяд, таҷриба нишон медиҳад, ки курсиҳои парлумон холимондаи вакилони ҲХДТ насиби танҳо ҳамин ҳизб хоҳад шуд, на за дигарон.

“Мутаассифона, интихоботи миёндаврӣ ва ҳамон интихоботи аслӣ ҳам дар Тоҷикистон барои рушди ҷомеа нест. Дар он ҳавзаи рақами 2-и Исмоили Сомонӣ дар соли 2010 ман худ ширкат доштам. Медонам, ки ғолиб ҳам омадам. Аммо хонум Ҷабборова мавриди сазовор ва боварии ҳукумат шуда, нахуст пирӯз гардида, акнун ба вазифаи дигар таъин шуд. Пас, ниёзе ба чунин муборизаҳо нест, чун ин ҷой насиби ҳизби ҳоким буд”,-илова кард Ҳикматулло Сайфуллозода. Номбурда мегӯяд, ба ҷойи “машғул” шудан бо интихоботи миёндаврии парлумон, ки ҳамагӣ як соли дигар барои фаъолияташ боқӣ мондааст. Беҳтар аст, ҲНИТ тамоми талоши худро барои интихоботи соли 2015 равона карда, муборизаро ҷиддӣ шурӯъ намояд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) мегӯяд, ҳизби онҳо қарори худро баъд аз бозгашти Раҳматилло Зоиров, ки ҳоло дар Русия қарор дорад, эълон хоҳад дошт. Номбурда ба ин назар аст, ки интихоботи миёндаврӣ ба монанди интихоботи аслӣ бо тақаллуб сурат мегирад. Муовини раҳбари ҲСДТ бо ишора ба таҷрибаи қаблӣ гуфт, аз эҳтимол дур нест, агар барои баргузории интихоботи миёндаврии “шаффоф” чанде аз ҳизбҳои дастнигари ҳукумат ба ҲХДТ кумак расонанд: “Пӯшида нест, ки ҳукумат ба чанде аз ҳизбҳои ба худ “содиқ” даъват мекунад, то дар интихоботи миёндаврӣ номзади худро пешбарӣ кунанд. Ин танҳо барои зоҳиран исбот намудани интихоботи демократӣ ҳаст. Аз эҳтимол дур нест, ки дар ин маърака ҲХДТ ба ин ҳизбҳои “дастнигар” барои пешбарии номзадашон кумаки молӣ ҳам расонад”,-изҳор дошт Шокирҷон Ҳакимов.

Дар ҳамин иртибот коршинос Лола Олимова аз мавқеъгирии ҲНИТ ва ҲСДТ барои ширкат дар ин интихоботи пуштибонӣ мекунад. Ба бовари номбурда беҳтар аст, ҳизбҳои мавриди назар тамоми нерӯ ва талоши худро барои пирӯзӣ дар интихоботи 2015 сарф кунанд. “Чун натиҷаи интихоботи миёндаврӣ аз ҳоло маълум буда, ин курсӣ насиби номзадҳо аз ҲСДТ ва ҲНИТ нахоҳад шуд”,-хулоса кард ин коршинос.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар тагйиру иловахо бо пешниходи азхоби мухолиф ба конуни интихобот ворид нагардад,иштирок дар интихоботи соли 2015 маъно надорад.Аммо ин хукумат хеч гох ба ин тагйирот рози нахохад шуд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!