Бахшҳо

"Равшан" ба Ҷоми AFC-2014 рафт, "Истиқлол" монд

Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC-2014 танҳо як даста, қаҳрамони футболи кишвар намояндагӣ хоҳад кард.

Бино ба иттилои торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) тасмим гирифта, ки дар мусобиқаи навбатӣ аз Тоҷикистон танҳо қаҳрамони кишвар ширкат намояд.

Ин дар ҳолест, ки дар Ҷоми Ҷоми AFC-2013 аз Тоҷикистон ду даста – “Равшан” ва “Регар-ТадАЗ” ширкат намудаанд. Бозии ин тимҳо муваффақ набуд. Клуби Турсунзода дар ҷамъбасти даври гуруҳӣ дар рейтинги AFC 0,667 имтиёз гирифт, аммо “Равшан”, ки ҳамаи шаш дидорашро бохт, бидуни хол монд. Дар ҳоли ҳозир дар рейтинги АФК Тоҷикистон бо 27,34 имтиёз миёни 46 кишвар мақоми 26-умро ишғол мекунад.

Кумитаи мусобиқоти AFC бо назардошти рейтинг, тасмим гирифта, ки дар минтақаи “Ғарб”-и Ҷоми AFC-2014, ки Тоҷикистон низ шомили он аст, дар даври гуруҳӣ 14 даста ширкат намояд. Аз Баҳрайн, Урдун, Ироқ, Қувейт, Лубнон, Умон ва Сурия ду дастаӣ иштирокчии сабқат хоҳанд буд. Аммо Тоҷикистон, Яман, Қирғизистон ва Фаластинро танҳо як дастаӣ муаррифӣ мекунад, вале ин тимҳо аз даври плей-офф вориди мусобиқа хоҳанд шуд.

Қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон клуби “Равшан”-и Кӯлоб муборизаро дар Ҷоми AFC-2014 аз даври плей-офф шурӯъ мекунад. 2 феврали соли оянда “Равшан” бо қаҳрамони секаратаи Яман – “Ал-Ярмук Ал-Равда” қувваозмоӣ хоҳад кард. Ин дидор дар Тоҷикистон баргузор мешавад, аммо ҳоло маълум нест, ки ин бозӣ дар кадом варзишгоҳ мегузарад. Варзишгоҳи Кӯлоб ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест.

Даври плей-оффи Ҷоми AFC аз як бозӣ иборат аст ва ғолиб роҳхати даври гуруҳиро дарёфт мекунад.

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Кулоби
Шармандагии федератсияи футбола бинен, акалан барои чемпион шиданш як стадионш соз кнен. Як Кабути бечора сохтани бд ки махкамш каден ма намедонм чида иё мо кулобиёра чап грфтан.. Агар аму стадиони фрунзе ай равшан мебд оли чемпиони азя хам шида бд. Да Кулоби мо корхона соз намекнен хай хами ду се стадион соз кненда Бразилиявори футболист брорем дига давлато рои кнем. Шмо стадион соз кнен мо гарантияш кати ба чой мухочирой кори футболист экспорт мекнем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)