Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:10

Номаи Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, ноиби аввали Рӯҳонӣ, ба Қоҳир Расулзода

5 декабр 2013, 10:47

Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон, бо ирсоли як нома сарвазири тозатаъйини Тоҷикистонро барои ба ин симат интихоб шуданаш табрик кардааст.

Ҷаҳонгирӣ дар ин номаи табрикотии худ изҳори умедворӣ кардааст, ки дар муддати фаъолияти Қоҳир Расулзода ба ҳайси сарвазири Тоҷикистон, муносибатҳои Теҳрону Душанбе рушд хоҳад кард. Инчунин, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон барои густариш ва рушди сареи ҳамкориҳои Тоҷикистону кишвараш мушовара ва гуфтушунидҳои зиёди дуҷонибаро хостор шудааст.

Қоҳир Расулзода бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23 ноябр, Оқил Оқилови 69-соларо,ки 14 сол боз сарвазир буд, иваз кард. Лозим ба ёдоварист, фармони мазкури президент ҳанӯз аз ҷониби вакилони парлумони Тоҷикистон ба тасвиб нарасидааст. Оқои Расулзода то замони омаданаш ба курсии нахуствазирӣ раёсати вилояти Суғдро бар ӯҳда дошт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Турсун

  • 5 декабр 2013 23:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тавре ки маълум аст, Эмомали Рахмон хам призидент ва хам раиси хукумат. яъне сарвазир аст. Пас саволе ба миён меояд, ки оё дар як хукумат метавонад ду сарвазир бошад? Тачрибаи Окилов нишон дод, ки у дар идораи давлат ягон накши муассир надошт. Комилан аён аст ки дар як хукумат бояд як сарвазир бошад, ё Эмомали бояд аз мансаби сарвазири даст кашад, ё вазифаи дуюми сарвазири бархам дода шавад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!