Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:01

Реклама ва ришва

4 август 2011, 07:25

«Соли гузашта  духтарам Мафтуна Тошова, ҳуҷҷатҳояшро ба бахши технологияи дӯзандагӣ супорид ва имтиҳонҳояшро бомуваффаққият супорид, аммо таҳсилашро дар гурӯҳи буҷавӣ нею ба шартномавӣ  гузарониданд. Имкони пардохти 600 долларро, ки надоштем, хуҷҷатҳоро бозпас гирифтем»…



Ошкор  шудани чанд далели фасод ва ришваситонӣ дар таълимгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд аз он бозгӯӣ мекунад, ки алъон дар донишгоҳҳои кишвар шакли қабул ва имтиҳони довталабон дуруст роҳандозӣ нашудааст. Гузашта аз ин, мизони ришваситонӣ дар ҳоли афзоиш будааст ва ин вазъ, талошҳои  агентии мубориза бар  фасод дар Тоҷикистонро  зери суол мебарад.
Ахиран, як устоди донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Точикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аснои гирифтани пора ба маблағи 2 хазору 300 доллари амрикоӣ дасгир шудааст. Ин омӯзгор, ки ҳоло ба хотири пешбурди тафтишот аз вай ном бурда намешавад, хостааст  бо ин микдор маблағ, барои донишҷӯ шудани як довталаби ин донишгоҳ мусоидат кунад. Фош шудани ин амали фасод дар ҳолест, ки шабакаи маҳаллии телевизионӣ дар вилояти Суғд    пайваста ролики тарғиботиро ба маърази тамошо гузошта, аз довталабон даъват мекунад, ки ба донишгоҳи мазкур ҳуҷҷат супоранд. Аз навор хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки дар ин донишгоҳ кулли шароити таълимӣ муҳайёст ва устодон низ дар кори худ чираанд.    

Аммо  суоли боз ин аст, ки оё   шаффофият қабули довталабон ба чӣ шева таъмин мегардад?  Чаро бо вуҷуди таъкидҳои рекламавӣ, ки телевизиони расмии вилояти Суғд пахш мекунад, ҳодисаи ришваситони аснои  қабули довталабон дар донишгоҳ ба назар мерасанд?

Кӣ рӯҳи Осимиро «ноором» мекунад?
Мирзоолими Мирзораҳим, як таҳлилгари масоили иҷтимоӣ мегӯяд,  мутаасифона рухдоди чунин ҳодисаҳо умеди аксар ҷавонони соҳибсаводро, ки нияти донишҷӯи донишгоҳ шуданро доранд, барҳам мезанад. Аз сӯи дигар,- мегӯяд Мирзораҳим,- мавҷудияти фасод зимни қабули довталабон дар донишгоҳҳое ки номи бузургони миллатро доранд, ҷойи таасуф аст, таҳқири ному кори бузургон аст.  

«Мутаасифона ҳодисаҳои ошкор шудани ришваситониӣ дар вақти қабули довталабони донишгоҳҳои олӣ ҳамасола ба як дарди бедармон табдил мешавад. То ҳанӯз ҷой доштани чунин ҳодисаҳо ҳокӣ аз он аст, ки нафароне дар пушти ин донишгоҳҳо қарор доранд, ки бо чунин миёнравиҳо мехоҳанд пули муфт ба даст оранд ва садди роҳи нафарони дорои савод гарданд, ки бар адами бепулӣ наметавонанд донишҷӯи донишгоҳ шаванд. Ин амали нафарони ҳамнаво ба «боло» рӯҳи бузургони илму адабро, ки дар донишгоҳҳо номгузорӣ  шудаанд хароб мекунанд».

Ба камбағалон ҷой нест
Дар ҳамин ҳол Ризо Ҳафизов,  падари Сӯҳроб , ки мехоҳад фарзандаш дар донишгоҳ таҳсил кунад ва дар оянда соҳиби ихтисосе бошад, бештар аз ҳама, аз  афзоиши порахӯрӣ ба ҳангоми дохил шудани ҷавонон  дар донишгоҳҳо изҳори нигаронӣ мекунад. Вай мегӯяд, аснои супоридани ҳуҷҷатҳои фарзандонаш, ки маъмулан фасли тобистонро паси дарҳои донишгоҳ мегузаронад, борҳо мушоҳида кардааст,  ки назар ба дониш, нақши маблағ барои воридшавӣ дар донишгоҳҳо боризтар аст. Ризо Ҳафизов афзуд:
«Фарзандони нафарони пулдор ба донишгоҳҳо ворид шудаистодаанд, аммо фарзандони деҳқонон, онҳое, ки  ба умеди як порча замин ҳастанд донишҷӯ шуда наметавоанд. Ду сол аст, ки барои супоридани ҳуҷҷатҳои фарзандам ба саҳни донишгоҳҳо меравам. Соли аввал барои дохил шудани фарзандам дар донишгоҳ 600 доллар пурсиданд. Мо имкони пардохти ин миқдор маблағро надоштем. Имсол ҳам, барои дохил шудан бештар ба киссатон эътибор медиҳанд. Агар пул дошта бошед дохил мекунанд, вагарна не».
Қаюм Тошов, падари Ҷамшед, ки омӯзгори як мактаби мутавассита дар шаҳри Истаравшан аст мегӯяд, барои ӯ барин муаллимон, ки танҳо ба умеди моҳонаи омӯзгорӣ хастанд, пардохт кардани маблағи таҳсили фарзандон гарон аст. Ин мусоҳиби мо изҳори нигаронӣ мекунад, ки бештар ба гурӯҳҳои буҷавӣ фарзандони афроди мансабдор фаро гирифта мешаванд, аммо барои фарзандони хонаводахои омӯзгору дехқон  мушкил аст, ки бе пардохти солонаи маблағи таҳсил дар донишгоҳҳо таҳсил кунанд: «Дар соли гузаштаи 2010 духтарам Мафтуна Тошова ҳуҷҷатояшро ба бахши технологияи дӯзандагӣ супорид ва имтиҳонҳояшро бомуваффаққият супорид, аммо таҳсилашро дар гурӯҳи шартномавӣ  гузарониданд. Мо, ки имкони 600 доллар  дар як сол пардохт кардан надорем, аз ин лиҳоз баъди супоридани имтиҳон ҳуҷҷатҳои Мафтунаро гирифта рафтем».

Эътимод ё таваккал? Ё ҳар ду!
Аснои гузаштанам аз назди чанд бинои донишгоҳи Хуҷанд, ҷавонони зиёде ба назар мерасиданд, ки ба имтиҳони дохилшавии  донишгоҳҳо омодагӣ медиданд. Ин гурӯҳи довталабони донишгоҳҳо ҳам  дар сӯҳбат аз ҷой доштани ҳодисаҳои ришвахорӣ бештар қисса мекарданд. Аз Шавкат Зокиров, як ҷавоне, ки  мехоҳад дар оянда  барномасоз шавад, пурсидам, ки  оё бидуни ришвату миёнравӣ, ки бисёрии довталабонро ба изтироб овардааст, худ эътимоде барои донишгҷӯ шудан дорад?  Вай гуфт: «Баъзеҳо барои он ки аз имтиҳон баҳои хуб гиранд ба омӯзгорон қаблан гуфтугузор карда, як миқдор маблағ ҳам додаанд. Зеро онҳо медонанд, ки бо донишашон баҳои имтиҳонро ба даст оварда наметавонанд. Бархеи дигар фақат ба дониши худ такя мекунанд, аз имтиҳон гузаштан ё нагузаштани маро вақт нишон медиҳад».  

Дар ҳамин ҳол, масъулини донишгоҳҳои Суғд мегӯянд, барои озоду мунсифона доир гардидани имтиҳони қабул миёни дохилшавандагони мактаби олӣ чораҳои ҷиддӣ андешида, талош хоҳанд кард то ҳеҷ ҳодисаи ришваситонӣ ва ё амалҳои номатлуб  садд-и роҳи довталабони макотиби олӣ нагардад.

Коррупсия дар таълим
Аммо ин дар ҳолест,  ки ҳамагӣ  чанд рӯз муқаддам додситонии вилояти Суғд  аз   ҳодисаи гирифтани ришва дар Донишгоҳи кӯҳию металлургии шаҳри Чкалов иттилоъ дода буд. Бар пояи иттиллои макомоти додситонӣ як декани донишгоҳи мазкур, ки сокини 39- солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст,  бо ҷурми ришваситонӣ муҷрим шинохта шуда, нисбати вай бо моддаи 339- и кодекси ҷинои Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
Бо вуҷуди чунин таъкиди мақомоти додситониву  оҷонси мубориза бар фасоди молӣ, ба ин ҳол ҳам аксари довталабони макотиби олӣ дар Суғд, аз болоравии мизони ришвагирӣ ва порахӯрӣ  дар донишгоҳҳо хабар медиҳанд, ки  ҳамоно ин мушкил рӯ ба афзойиш аст.
Қамари Аҳрор, Хуҷанд{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!