Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:35

Таҷлили 18-солагии дастаи таъиноти махсус бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

5 декабр 2013, 14:50

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 5-уми декабр, ба муносибати 18-умин солгарди таъсиси дастаи таъиноти махсус дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе як бинои навбунёдро барои ин даста мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастаи таъиноти махсус 5 декабри соли 1995 бо ҳайати шахсии иборат аз ҳамагӣ 66 нафар дар даврае ба фаъолият шурӯъ карда буд, ки дар кишвар гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ашхоси алоҳида бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои ҷинояткорона ва монеъ шудан ба раванди барқарорсозии суботу оромӣ даст ба куштору гаравгонгирӣ, содир намудани амалҳои террористӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин зада, дар байни сокинони мамлакат фазои тарсу ҳарос ва эҳсоси нобоварӣ ба фардоро ба вуҷуд меоварданд.

Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияро бо солгарди 18-уми таъсиси ин воҳиди низомӣ табрику таҳният гуфта, таъкид намудааст, ки бо назардошти вазифаҳои душвори хизматӣ, аз қабили мубориза бо терроризму экстремизм, безараргардонии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ ва гузарондани амалиётҳои махсус ин воҳиди низомӣ бо техникаву лавозимоти ҳозиразамон низ таъмин мебошад.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, барои таъмини фаъолияти беҳтари Дастаи таъиноти махсуси милитсия ва бо мақсади мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятпешаи муташаккил дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла дар вилояти Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои минтақаи Рашт воҳидҳои минтақавии таъиноти махсуси милитсия таъсис дода шудаанд.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки кормандони дастаи таъиноти махсуси мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои махсуси дигар сохтору мақомот дар оянда низ намунаи садоқат ба савганди ҳарбӣ ва хизмати фидокорона ба Ватан буда, дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун қарор хоҳанд дошт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи хел 18-сола? О ин ОМОН дар соли 1990 бо фармони генерал Навчувонов Мамадаёз ташкил шуда буд ыва холо 23 сола аст. Заминахои таъсиси он аз соли 1988 аст. Кизикча шумо ееееееееееее

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!