Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:20

Ҷаласа барои тасдиқи тағйироти кадрии ахир дар ҳукумат

5 декабр 2013, 17:47

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 5 декабр бо судури як фармон иҷлосияи ғайринавбатии ду палатаи парлумони Тоҷикистон - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро даъват намуд.

Бар асоси иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, иҷлосияи ғайринавбатии даъвати чорум 16 декабри соли 2013 соати 9:00 дар Душанбе дар назар аст. Ба қавли манбаъ, ба баррасии илосияи Маҷлиси Олӣ фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва ба вазифа таъин намудани аъзои ҳукумати кишвар барои тасдиқ пешниҳод карда мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки дар интихоботи президентии 6 ноябри соли ҷорӣ пирӯз омад, баъд аз адои савгандаш дар 16 ноябри соли ҷорӣ ба ташкили ҳукумати нави худ оғоз карда, бархе аз вазиронро аз мақомашон барканор ва бархеи дигарро аз ҷояшон ба ҷои дигар “кӯчонд”. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, 13 узви ҳукумат ё худ 60 дарсади он иваз карда шуд ва синни миёнаи онҳо 52 солро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки ба қавли дафтари матбуоти раисиҷумҳур, синни миёнаи ҳайати ҳукумати қаблӣ 56,7 сол будааст.

“Ҳамаи аъзои ҳукумати нави кишвар тахассуси олии касбӣ доранд. Аз онҳо 3 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм мебошанд. Дар ҳайати пешин танҳо 1 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм буд. Дар ҳайати нави ҳукумат 2 нафар зан мебошанд. Қаблан танҳо як нафар бону дар ҳукумати кишвар фаъолият дошт”,-омадааст дар торнамои раёсати ҷумҳури Тоҷикистон.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!