Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:34

Интиқоли барқи фоидаовар 151 миллион киловат соат коҳиш ёфтааст

4 август 2011, 09:31

Интиқоли барқи фоиданок дар нимсолаи аввали соли равон 6 миллиарду 844, 4 миллион киловат соатро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 151 миллион киловат соат кам мебошад.


Ба иттиллои масъулини ширкати «Барқи тоҷик» маблағи ҳисобшудаи нерӯи барқ дар ин давра ба 598, 5 миллион сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса ба нимсолаи аввали соли 2010-ум 6, 2 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Имсол тарифи миёнаи энергияи барқ ба 8, 74 дирам барои 1 киловат соат баробар шуда, нисбати соли гузашта 3, 2% афзоиш ёфтааст. Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тиоҷик» зимни як нишасти матбуотӣ дар робита ба ин, иброз намуд, ки бо вуҷуди он ки ҳаҷми истеҳсол ва интиқоли фоиданоки энергияи барқ имсол нисбати соли гузашта кам шуда бошад, вале натиҷаҳо хубанд. «Дар натиҷаи пурзӯр намудани назорат аз рӯи тадбиқи дурусти сиёсати тарифбандии гурӯҳҳои истифодабарандагон маблағи истифодашуда ва тарифи миёнаи энергияи барқ нисбати ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст»,-илова намуд номбурда.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!