Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:55

Медведев: "Онҳое, ки дар сохтмон кор мекунанд, заруранд"

7 декабр 2013, 09:06

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия гуфта, ки Русия тасмими ҷорӣ кардани раводид ё визо бо кишварҳои Осиёи Марказиро надорад. Ин нуктаро ӯ зимни мусоҳиба бо намояндаҳои панҷ шабакаи бузурги телевизионии кишвараш, ки зуҳри 6 декабр ба таври мустақим баргузор шуд, изҳор доштааст.

«Аммо мо нақша дорем, ки убури марз тавассути шиносномаҳо сурат бигирад. Бояд тамоми муқаррарот иҷро шавад. Ҳамаи санадҳо, аз қабили шиноснома, суғурта сабт карда шавад»,-гуфтааст раҳбари ҳукумати Русия.

Ба қавли Медведев, низоми бидуни виза бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил бояд ҳифз шавад, чунки Русия ба кадрҳои баландихтисос ниёз дорад: «Ба мо ҳам онҳое ки кори сохтмон мекунанд ва ҳам онҳое ки меҳнати нисбатан ихтисосиро анҷом медиҳанд, заруранд».

Дар ин баробар ӯ гуфта муҳоҷироне, ки қонунро нақз мекунанд «бояд аз кишвар хориҷ ва ё ба ҷавобгарӣ кашида шаванд». Ба гуфтаи Дмитрий Медведев барои қонуншикании муҳоҷирони корӣ бояд корфармоҳо ҷавоб бигӯянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ikrom

  • 6 декабр 2013 20:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бе виза хам вазъияти бад дорем
Посух додан
  • Юсуфчон Каримов

  • 7 декабр 2013 12:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисёр хуб
Посух додан
  • курбон

  • 7 декабр 2013 18:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман бо боварии комил гуфта метонам,ки агар хама шахррвандони осиёи маркази ба русия раванд боз русия ба кувваи кори ниёз дорад ва хеч гох русия ба ин кишвархо виза чори нахохад кард ин танхо як бозии хукумати русия хаст мехохад ба ин восита ин хукуматхоро тарсонад ва манфиатхои горатгаронаи худро давом дихад ин хакикат аст

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!