Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:17

Муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик: “Русҳо гуфтанд, дигар ба Ватани мо наоед”

9 декабр 2013, 11:36

Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ХФМР) бо роҳандозии як амалиёти махсус ба ихроҷи иҷбории шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави ин кишвар машғул ба коранд, оғоз намудааст.

Абдуманоф Амонов, шаҳрванди ихроҷшудаи Тоҷикистон аз Русия, шоми 8 декабр ҳангоми берун шудан аз фурудгоҳи Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, шурӯъ аз 1 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Самараи Русия амалиёти берункунии муҳоҷирони тоҷик оғоз гардидааст, ки дар пайи он то кунун даҳҳо сокини кишвар ба ватан фиристода шудаанд.

Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯи кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар фурудгоҳи Самара дар ҳоле боздошт мешаванд, ки онҳо ҳеч мушкиле дар ҳуҷҷатҳои худ надоранд. “Рӯзи 5 декабр, ки ман ҳамроҳ бо 10 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бояд соати 24:00 аз фурудгоҳи Самара ба самти Хуҷанд парвоз мекардам, аз сӯи кормандони Хадамоти муҳоҷирати Русия боздошт шуда, ба ҳуҷраи махсус интиқол ёфтем ва тақрибан баъди як соат эълон гардид, ки мо ба нақзи қавонини будубош дар Русия муттаҳам мешавем ва ҳаққи парвоз ба ватанро надорем. Сипас, моро ба яке аз шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Самара интиқол доданд”,-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Амонов, аз ин шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон, ки гӯиё ба қавли Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар нақзи қавонини буду бош дар қаламрави ин кишвар муттаҳам мешаванд, пеш аз ихроҷ ба ватан, тариқи додгоҳ аз ҳар яки эшон ба маблағи 2 ҳазор рубли русӣ ҷарима ситонда мешавад: “Моро баъд аз ду-се рӯзи боздошт ба додгоҳ ҳозир намуда, бо қарори ин ниҳод ҳар як нафарамонро 2000 рубли русӣ ҷарима намуда аз Русия ихроҷ карданд.”

Дар ҳамин ҳол, муҳоҷири дигари тоҷик ва ҳамсафари Амонов, ки худро Шаҳбоз муаррифӣ намуд, гуфт, ӯ низ бе ягон далел аз тарафи кормандони Хадамоти муҳоҷирати Русия дар ҳоле боздошт шудааст, ки ба таври қонунӣ дар Самара кор ва зиндагӣ мекард, вале бо вуҷуди ин ӯ низ аз хоки ин кишвар ихроҷ гардидааст. Мусоҳиби мо афзуд, намояндагони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба таври ошкоро ба ӯ гуфтаанд, ки дигар ба ватани онҳо наояду дар кишвари худ дунболи пайдои ризқу рузияш бошад.

Ин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қавли эшон, ба таври иҷборӣ ва ғайриқонунӣ аз қаламрави Русия берун карда шудаанд, мегӯянд, дар ҳоле ки чунин амалиёт дар шаҳри Самараи Русия алайҳи муҳоҷирони кории тоҷик идома дорад, нафаре аз консулгарӣ ё Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия садо баланд намекунад. “Аз намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва консулгарии Тоҷикистон дар ин ду рӯзи боздошт касеро надидем”,-афзуд ӯ.

Ҳар сол ҳудуди 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи кор ба Русия рафта, солона ҳудуди 4 миллиард доллар ба кишвар пул мефиристанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ю

  • 9 декабр 2013 11:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Русхо аз шумо безор шудаанд. Аз муру малах хам точик дар Россия зиедтар шудааст.
Посух додан
  • Чавоб ба ю

  • 9 декабр 2013 13:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шарм надошта бо гап мезани .Халки точика туву ту баринхо ба хамин холу ба хамин рузхо оварда расондед.Забонатон дароз бо гап мезанен.
Посух додан
  • Dev

  • 9 декабр 2013 14:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик: “Русҳо гуфтанд, дигар ба Ватани мо наоед”.
Haj digar naraved ! Sharm ham namondaast , hama shalu kur dar megapolis - dar Moskov. Nomi davlata bo in hukumati kornoshoyamaton zeri poj zaded , Jumshudu Ravshan karded , inshoolloh ruzi huba namebined!1 mln. javonhoi "bukacha" vale baroi yak burida non ba jumshudi tan dodand, sharmandagi az in zijod nest !
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо Рассия намеравем, рузмон хамичада зур гзаштестат ку. Шумо чи да мерен? Ваьтанро орбод кнен, шкрон ккне намешава?
Посух додан
  • мухочир

  • 9 декабр 2013 15:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуст бошед, иттифок бошед, шукронаи ана хамин давлат кунед, шукронаи ана хамин сарзамин кунед, шукрона кунед ки чунин ватани азизу махбуб доред!
Посух додан
  • Э Р

  • 9 декабр 2013 15:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
муҳоҷирони азиз коре дар кашвари бегона мекунед дар кишвари азизамон нимашро кунед агар ҳам зиндагиатон хуб мешавад ва ҳам манфиататон ба халқи худатон мерасад.
Посух додан
  • Jasur

  • 9 декабр 2013 16:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо бо кадом ру чунин гапхоро мегуед кор набошад чи кунанд дар ватан 1млн ахоли
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз тарафи дигар назар кунем бисёр кори хуб мекунанд то мо точиконро ичборан ихроч накунанд мо давлати Демокративу Хукукбунёд сохта наметавонем ...
Биёед бо ватан конуну хукукхоятонро дар инчо талаб кунед.
Посух додан
  • Муслим

  • 9 декабр 2013 18:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шумо чи фикр накарда менависед. Фаромуш накунед, ки 60%-и ммд-и Точикистон аз хисоби пули мухочирост. Камтар бошад хам аз Худо тарсед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мухочир,
э бародар хавои гап назан , у одамое ки рассия мераван инхо хамма дар зиндаги азоб мекашан аз чумла ман худам дар москва хастам ма хондагиам донишгоро падари ман муалим хаст дар тч аммоо зиндагиии кинн аст ту намефахми ба кадри зиндаги намерасии мо хонаа надорем ва ба пули падари ман хона харидаа намешавад манхам дар душанбе кор миёвам аммо бе хонаву дар намешавадд .. максади ман аминчо омадаан амиай кии ягон пул чам кунам хона хараммм ман майда будам падарам бовар дошт то хол бовар дорад ба хукумати дуругии точикистон аммо ман бовар надорамммммм.... падари ман дар навбати хона 8 соластт истодагиаййй лекинн боз мегуям дуругг аст хукумати худамон точикистон як душанбе ободаст тоза астт дигар чойхора ниго кунн ба чашмонатт ......... дар хукумати точикистон ай сардори давлат то вазироша хамма бе имону берахманн .. ма иншоаллох аз инчо раввам дар ватан кор мекунам аммо шумо соиби ватан нестед кии халкаа танкид кунед

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!