Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:54

Оғози гуфтушуниди Душанбею Тошканд барои интиқоли газ

9 декабр 2013, 12:11

Тоҷикистон барои харидории газ дар соли 2014 бо Узбакистон гуфтушунидро оғоз кардааст.

Саидаҳмад Шарофиддинов, сардори “Тоҷиктрансгаз”, рӯзи 9 декабр, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, аллакай тариқи хаттӣ гуфтушунидро бо мақомоти узбак барои харидории газ дар соли 2014 оғоз кардаем: “Мо дархостро ирсол карда, умед дорем, ки ҷавоби мусбат хоҳем гирифт.”

Ин дар ҳолест, ки Узбакистон аз аввали соли равон интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон қатъ намудааст, ки дар натиҷа ба гуфтаи раиси “Тоҷиктрансгаз” айни ҳол 50 дарсади коргарони ширкат бекор мондаанд: “Нисфи коргарҳоямон дар рухсатии бемуҳлат қарор доранд ва боқимонда ҳоло дар ҷои коранд. Умед дорем, аз соли оянда ҳама ба ҷои кори худ бармегарданд.”

Узбакистон то аввали соли равон ягона таъминкунандаи Тоҷикистон бо гази табиӣ маҳсуб меёфт, ки газаш асосан барои таъмини талаботи корхонаи “Талко” ва “Тоҷиксемент” равона мешуд. Аммо аз аввали соли равон интиқоли газ аз Узбакистон пурра қатъ гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ислом-акя

  • 9 декабр 2013 13:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввал Рогун сохтмони тохта, баъд газ бераман.
Посух додан
  • Xon

  • 9 декабр 2013 14:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Цитата: Ислом-акя
Аввал Рогун сохтмони тохта, баъд газ бераман.

авал 4ат бад газ берасан
Посух додан
  • Jasur

  • 9 декабр 2013 16:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Rogun hej vakt toxta nameshavad (dushman) inshooloh mesozem onro.
Посух додан
  • Хаёт

  • 9 декабр 2013 19:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИНШОАЛЛОХ БО МАДАДИ ХУДОВАНД,ГЕСИ РОГУНРО МЕСОЗЕМ.ЯГОН ЧИЗ САДИ РОХИ МО НАХОХАД ШУД.ХУДОЁ ХУДОВАНДО БА ХАМАИ КОРКУНОМИ ГЭС-И РОГУН КУВВАТИ ФАРХОДИ АТО НАМО.ОМИН Ё РАБУЛ ЪОЛАМИН.
Посух додан
  • kuchkor

  • 11 декабр 2013 11:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ислом-акя,
shakalaka bum
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Xon,
Аз Худо тарс "ТОХТА". Имсол нашуд, соли оянда мешавад, соли оянда нашид, соли дигараш мешавад Иншооллох. Рогун мешавад ва Шумо Узбако хавас мехуред.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!