Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:39

Шабоҳатҳои апартеид ва моҳияти режими саҳюнистӣ

9 декабр 2013, 17:03

Акнун, ки марги Мандела бори дигар сиёсатҳои даврони апартеиди Африқои ҷанубиро дар зеҳнҳо ҷилвагар карда аст, душвор аст битавон табъизҳои нажодии асри навро нодида гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҳангоми холикунии маҷбурии минтақаи Софиётовен ( дар наздикии Ёҳансберг) дар соли 1955, ки даврони апартеиди Африқои ҷанубӣ буд, ҳудуди 65 ҳазор нафар сиёҳпуст аз ин манотиқ берун ронда шудаанд, аммо танҳо чанд сол пештар аз ин ҳодиса, яъне дар соли 1948 режими Исроил бодиянишиниҳои саҳрои Нақабро ба зур аз ин манотиқ, ки сарзаминҳои аҷдодии онҳо буд, хориҷ ва аз онҳоро ба минтақае муҳосира шуда ба номи “ Сиёг” мунтақил карда буд.

Акнун, ки марги Мандела бори дигар сиёсатҳои даврони апартеид Африқои ҷанубиро дар зеҳнҳо ҷилвагар карда аст, душвор битавон аз монандиҳои ошкор баӣни ин иқдомоти он режим ва режими саҳюнистӣ чашм пӯшид.
Нигоҳе гузаро ба бархе аз иқдомоти режими Исроил дар Каронаи Бохтарӣ, ки муҳақиқони Созмони милал ҳам борҳо ба он ишора кардаанд, мизони монандии апартеиди Африқои ҷануби бо апартеиди режими саҳюнистиро ошкор мекунад: эҷоди шаҳракҳои махсуси *яҳудиҳо*, ташкили ҷодаҳои ҷудогона ба исроилиҳо ва фаластиниҳо, бозрасиҳои низомӣ, қавонини табъизомези иҷдивоҷ, сохтани девори Исроил дар заминҳои ишғолии Фаластин, истифода аз фаластиниҳо ба унвони неруи кори арзон, нобаробариҳои зерсохтӣ, дастрасии нобаробар дар заминҳо ва манобеъ.

Собиқаи муқоисаи Исроил бо апартеид

Дар соли 1961 сарвазири Африқои ҷанубӣ буд ки раъӣ Исроил дар Созмони милал алайҳи иқдомоти апартеиди ин кишварро ба интиқод гирифт ва гуфт, ки “нигаришҳои зидди апартеиди Исроил зидду нақиз ҳастанд... онҳо Исроилро аз арабҳо, ки ҳазорон сол дар онҳо зиндагӣ карда буданд, гирифтанд. Ман аз ин лиҳоз бо онҳо мувофиқ ҳастам. Исроил ҳам монанди Африқои ҷанубӣ як кишвари апартеид аст.*

Аз он замон ба баъд муқоисаи апартеиди Исроил ва Африқои ҷанубӣ ба амре маъмул табдил шуд, то ҷое, ки имрӯз ҳатто дар кишвари Амрико, ки интиқод аз Исроил ҷузви мамнуиятҳо маҳсуб мешавад, ин муқоиса афзоиши чашмгире додааст.

То кунун мақомот ва шахсиятҳои бисёр зиёде ин муқоисаро ба кор бурдаанд, аммо мо ба изҳороти мақомоти Созмони милал, ки ин муқоисаро ба кор бурдаанд, ишора мекунем.
Ҷон Догорд, гузоришгари собиқи вижаи Созмони милал, вазъияти мавҷуд дар Каронаи Бохтариро вазъияте бадтар аз апартеиди Африқои Ҷанубӣ тавсиф кард. Вай дар соли 2007 навишт, ки қонунҳо ва иқдомоти Исроил дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, ба таври қатъӣ ба ҷанбаҳое аз апартеид шабеҳ аст.

Ин мақоми собиқи Созмони милал бо ишора ба таърифи расмии апартеид менависад: Оё метавон инкор кард, ки ҳадафи ин иқдомот тасаллути як гуруҳи нажодӣ бар гуруҳи нажодии дигар ва зулм кардан ба онҳост? Исроил инкор мекунад, ки ҳадафаш ин бошад, аммо ин ният ё ҳадафро метавон аз ҳолатҳое, ки дар ин гузориш ба онҳо ишор мешавад, дарк кард.

“Дар октябри 2010 Ричорд Фолк, гузоришгари вижаи Созмони милал дар умури Исроил, ба кумитаи сеюми маҷмаи умумӣ гузориш дод, ки назари гузоришгари вижаи Созмони милал ин аст, ки моҳияти ишғолгарии Исроил то соли 2010, иддаоҳои пешин дар бораи истеъморгарӣ ва апартеидро тақвият мекунад. Вазъият нисбат ба ҳатто се сол пеш бадтар шудааст. Вижагиҳои истеъморӣ ва апартеиди режими Исроил як фароянди афзоишӣ будааст. Ҳарчи ин фароянд бештар замон мебарад, ғалаба бар он душвортар ва бозгардондани ҳуқуқи асосии мардуми фаластин, ҷиддитар мешавад.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!