Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:32

Русҳо дар Тоҷикистон барандаи ҷойи аввали чемпионат шуданд

4 август 2011, 11:13

Мусобиқаи қаҳрамонии кӯҳнавардии кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ дар минтақаи Замин-Қарори наздикии деҳаи Марғеби ноҳияи Айнӣ ба анҷом расид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ доданд, ин чорабинии варзишӣ, ки тайи 15 рӯз дар ҷумҳурӣ идома дошт, бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Красноярски ФР анҷом ёфт.   

Манбаъ ҳамчунин афзуд, сабқати мазкур бо тасмими шӯрои ИДМ барпо гардида, ба ҷашни 20-солагии таъсисёбии ин созмон бахшида шуда буд. Дар ин мусобиқа 15 даста (11 тими мардона ва 4 дастаи занона) бо шумули 30 кӯҳнавард аз Русия, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Укроин ширкат доштанд, аммо кӯҳнавардони тоҷик, ки дар айни ҳол барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ талош доранд, дар ин мусобиқа иштирок накарданд. Тибқи иттилои расида Виктор Сиганков ва  Павел Власенко аз  Русия ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии кӯҳнавардии ИДМ гардиданд. Евгений Полтаветс  ва  Александр Заколодний аз Укроин зинаи 2-юмро ба даст оварданд. Дмитрий Шиянов - Денис Леусов аз  Қазоқистон дар мақоми 3-юм ҷой гирифтанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!