Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:36

Зоиров: "Пушаймон нестам, ки Зайдро ба Душанбе хондам"

10 декабр 2013, 09:31

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” гуфт, дар вақташ аз он ки Зайд Саидовро барои бозгашт ба Душанбе моил карда буд, пушаймон нест. Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари Тоҷикистони нав, моҳи майи соли ҷорӣ дар Фаронса қарор дошт ва ҳангоми бозгашт дар фурудгоҳ боздошт шуда, то кунун дар зиндон нигаҳдорӣ мешавад.

Зоиров мегӯяд, “агар Зайд Саидов аз Фаронса барнамегашт, боз чандин ҷиноятҳои дигарро ба сари ӯ бор мекарданд. Дигар камбудҳое, ки дар сохтмонҳо мешуд, гуноҳи ӯ медонистанд.” Раиси ҲСДТ афзуд, ба ҳукми одилонаи додгоҳ нисбат ба Зайд Саидов бовар надорад, чун ба гуфтаи ӯ, дар ҳар парвандае, ки махсус оғоз мешаваду ангезаи сиёсӣ дорад, ҳеч гоҳ судури ҳукми одилона имкон надорад: “Агар имрӯз Зайд Саидов озод мешуд, аз нигоҳи қонун ҳуқуқ ба ҷуброн дорад, ки ҳаҷмаш метавонад то ба миллионҳо бирасад.”

Маъракаи густурдаи мақомот алайҳи Зайд Саидов моҳи май, замоне ки ӯ бо гуруҳи теннисбозон дар Аврупо қарор дошт, оғоз гардид. Зоиров он замон оҷилан оғоз шудани парвандаҳои ҷиноятиро алайҳи Зайд Саидов нишонаи супоришӣ ва беъмаъсулиятона будани хокимияти давлатӣ гуфта, дар мавриди бозгаштан ё нагаштани Зайд Саидов ба Ватан таъкид карда буд, “ҳар як шахси масъул, аз ҷумла Зайд Саидов дар ҳолатҳои душвору истисноӣ бояд мустақилона қарори худро қабул намояд, аз ҷумла, дар масъалаи бозгаштан ба ватан, ё на. Ман чунин меҳисобам, ки ҷойи Зайд Саидов ҳамин рӯз ва ҳамин соат дар шаҳри Душанбе, рӯ ба рӯи "проблемаҳои" сунъии ба миёномада аст.”

Ӯ гуфта буд, агар Зайд Саидов боздошт шавад, он ғайримантиқӣ ва зулм буда, бар зидди худи ҳокимияти давлатии имрӯза хоҳад буд. Зайд Саидов баъд аз бозгашташ 19 май дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда буд ва айни ҳол баҳси додгоҳии парвандаҳояш ба марҳилаи ниҳоӣ расида, интизор меравад, 10 декабр сухани ниҳоии ӯ дар додгоҳ шунида шавад.

Мақомот ӯро дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешуморанд. Мурофиаи ӯ моҳи сентябр паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ шурӯъ шуда, интизор меравад, баъд аз сухани ниҳоии ӯ ва ҳукми додрас ба анҷом бирасад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ав

  • 10 декабр 2013 10:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зойиров Зайдро хамчун потопытный кролик истифода бурдааст. У исбот кардани буд ки ин хукумат зулмпарвар аст. Исбот кард, лекин ба ивази 28 соли зиндон барои Зайд. Бисер кашфиети олии Зоиров.
Посух додан
  • Мухочир

  • 10 декабр 2013 10:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЧАНОБИ ЗОИРОВ АГАР ШУМО ВОКЕАН ЧИЗЕРО ИСБОТ КАРДАНИ БУДЕД КАРДЕД, ВАЛЕ ХОЗИР ВАКТИ ОН АСТ, КИ РАФТА БАРОИ ОЗОДИИ ЗАЙД ГУРУСНАНИШИНИ ЭЪЛОН КУНЕД. ИКАДАР ХУДАТОНА ЗУР ГИРИФТЕД ХАЙ ЯК ГУРУСНАНИШИНИРО ХАМ ПОПРОБИТ КУНЕД КАНИ ЧИ МЕШАВАД.
О ЗАЙД ГАПАТОНА ГИРИФТА ОМАД ШУМО ХАМ ЯГОН КОРАКЕ КУНЕД ОХИР.
Посух додан
  • hisori

  • 10 декабр 2013 11:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
eee mo nav fahmidemki zaidro zoiruf axmak karda hizb kusho gufta padstavit kardaast.zoiruf chand milion girifta boshad.kabiri chi?bobonazarova chi?
Посух додан
  • арыв

  • 10 декабр 2013 11:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зойиров
Як бало карда Умарали Кувватовро хам ба Точикистон биеред ана баъд котеона исбот мекунед ки ин хукумат зулмпарвар аст е не. Агар Додочонро хам биеред, Рахмон барои шумо хеч чизро дарег нахохад дошт.
Посух додан
  • Somon

  • 10 декабр 2013 13:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Rakhmatilo ya kushishi digar kun ami DODOJONA bo UMARALI biyor be shuhi Sof pushaimon nameshai)
Посух додан
  • Хамватан

  • 10 декабр 2013 14:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дустони азиз!
Давайте подпишем эту петицию чтоб отпустили Зайда Саидова! Больше будет наших голосов весь мир услышит нас!
https://secure.avaaz.org/en/petition/Government_of_Republic_of_Tajikistan_To_rel

ease_Zaid_Saidov_an_entepreneur/?twiав,
Посух додан
  • Be nom

  • 10 декабр 2013 15:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Peshnihod oidi Gurustnanishinii Zoirov peshnihodi xub ast, man fikr mekunam bar in jasadash 1 sol be xuroak zindagi karda metavonad. Mo tarafdori Zoirov nestem, lekin az dur nigoh kardanda oilavi zabt kardani makomoti hukumati, soxtorhoi kudrati va bloki iktisodi in ba xubi namebarad. Sistemai feodaliro ba miyon meorad,ki ba munokisha mebiyorad.
Посух додан
  • ффф

  • 10 декабр 2013 15:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман ҳам баҷои ту бошам пушаймон намешавам чунки бо пули гирифтаат 1000 сол зиндаги мекуни албата агар фурсат дастдиҳад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!