Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:53

Иқдоми “Помир Энержӣ” барои мубориза бо муштариёни саркаш

10 декабр 2013, 10:21

Ширкати «Помир Энержӣ», ки идораи электроэнергетикаи вилояти Бадахшонро дар ихтиёр дорад, қарор кардааст, барои муштариёни исрофкор ва сарпеч аз пардохти ҳаққи барқ, ҳисобкунакҳои махсуси рақамиро насб кунад, ки тариқи автоматӣ интиқоли барқро қатъ мекунанд.

Ба иттилои ширкат ҳудуди 5 ҳазор чунин ҳисобкунакҳо барои муштариёне насб мешаванд, ки беш аз 1 ҳазор сомонӣ дар назди ширкат қарздоранд.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои ин ширкат асосан ҳаққи барқро дар вилоят корхонаҳои давлатӣ, аз ҷумла корхонаи об пардохт накарда истодааст ва 50 дарсади қарзи барқ ба корхонаҳои буҷавӣ рост меояд.

Ширкати “Помир энержӣ”, як лоиҳаи муштараки ҳукумати Тоҷикистон Бунёди Оқохон ва Созмони молиявии байналмилалӣ аст, ки соли 2002-юм таъсис ёфта, тибқи шартнома барои 25 сол идораи электроэнергетикаи вилоятро дар ихтиёр дорад. Ин ширкат муваффақ шудааст, ки айни ҳол аксари муштариён дар вилоят 24 соат бо барқ таъминанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо ин нарххои барк,ки ширкати помир энержи аз мардум меситонад хеч гох проблемаи пардохти пули барк барканор намешавад ва хизматрасонии халкро бояд дуруст ба рох монад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!