Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:37

Ҳукумат бунёди бинои 24-ошёнаро аз ҷониби чиниҳо рад кард

10 декабр 2013, 16:36

Шаҳрдории Душанбе хабари бунёд ёфтани бинои истиқоматии 24-ошёна аз сӯи як ширкати чинии "Дунфан" дар маркази пойтахтро рад кард.

Ба иттилои шаҳрдорӣ хабари қомат афрохтани биноҳои 24 - ошёна дар маркази пойтахт дурӯғ буда, то ҳол чунин сохтмон бо ягон намояндагони расмии ҳокимияти шаҳр ва раёсати меъмории Душанбе мувофиқа нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки расонаи хабарии чинии “ChinaPRO.ru” ахиран аз бунёд ёфтани як бинои истиқоматии 24-ошёна дар маркази шаҳри Душанбе аз сӯи як ширкати сохтмонии чинӣ хабар дода буд.

Ин расона гуфт, ширкати чинии "Дунфан" дар пойтахти Тоҷикистон сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматиро бардӯш гирифтааст, ки 82 метр баландӣ дошта, нахустин бинои истиқоматии 24 ошёна дар Душанбе хоҳад буд.

Дар шаҳри Душанбе аз ҳама баландтарин биноҳои истиқоматӣ 16 ошёна буда, аз ҳама бинои баланди пойтахт “Душанбе плаза” маҳсуб мешавад. Ин бино дорои 20 ошёна буда, баландияш то 92 метр мерасад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!