Зоиров: “Яке аз ҳамлагарон дар ҳукумати Душанбе кор мекунад”
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), мегӯяд, аз болои занҳое, ки рӯзи 10 декабр бидуни огоҳӣ нишасти хабарии ӯро халалдор карда, ҳадафмандона шӯру мағал бардоштаанд, ба Додситонии кулл шикоят хоҳад бурд. Аммо оқои Зоиров гуфт, пеш аз он ки аризаи худро бинависад, бо аъзои Шӯрои сиёсии ҳизбаш низ машварат мекунад.
Раҳбари ҲСДТ мегӯяд, ҳоло баъзе далелҳое ҷамъоварӣ намудааст, ки сохтакорона будани ин эътирозро нишон медиҳад. “Ҳангоми нишасти дирӯза занҳо гуфтанд, ки аз ҳамсояҳои моянд, лекин вақте пурсуҷӯ кардем, касе аз ҳамсояҳо онҳоро нашинохт”,-гуфт Зоиров.
Вай иброз дошт, дар аввал ба ин фикр буданд, ки дар ин тазоҳурот ҳукумати ноҳияи Сино, ки қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократ дар он ҷо воқеъст, даст дорад. Вале, мегӯяд Раҳматилло Зоиров, дар ҳукумати Сино ин фарзияро рад карда, гуфтаанд, ки “яке аз занҳо дар ҳукумати шаҳри Душанбе кор мекунад.”
Субҳи рӯзи 10 декабр ҳангоме ки Раҳматилло Зоиров баъди бозгашт аз сафар ба Украина нишасти матбуотӣ доир менамуд, як гуруҳи 20-нафарӣ вориди дафтари кории ӯ шуда, шӯру мағал бардоштанд. Эътирозгарон дар даъвои худ бештар аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти намунавӣ ва мардумӣ ёд карда, мегуфтанд, Зоиров боиси норомии кишвар ва ҳамчунин омили аслии даргириҳои тобистони соли 2012 дар Бадахшон будааст.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |