Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:14

VIDEO: Умедвории Хайрулло пас аз баромади ниҳоии падараш

11 декабр 2013, 13:29

Хайрулло Саидов, писари калонии Зайд Саидов -- соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, изҳори умед кард, ки додгоҳ нисбат ба падараш қарори одилона бароварда, ӯро “сафед” хоҳад намуд.

Вай рӯзи 11 декабр, баъд аз баёни сухани охирини падараш дар додгоҳ, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, “ҳабси афроде чун Зайд Саидов бар зарари имиҷи Тоҷикистон буда, раҳоияш ҳатто ба обрӯи раисиҷумҳур хоҳад афзуд”. Хайрулло Саидов, ки ҳангоми баромади ниҳоии падараш дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ буд, гуфт, Зайд Саидов монанди вакилони мудофеъ тамоми иттиҳомро нукта ба нукта ишора кардаву тафтишоти парвандаҳояшро нопурра хондааст. Оқои Саидов афзудааст, барои аз озодӣ маҳрум кардани ӯ далелҳои кофӣ вуҷуд надорад.

“Падарам ҳам ҳеч далеле барои боздошти худ пайдо накард. Вай гуфт, умедвор аст, додгоҳ дар хонаи машваратӣ ба ин норасоии парванда аҳамият хоҳад дод. Падарам дар вақти баромади худ ҳам ба айбдоркунандаҳои давлатӣ ва ҳам ба додгоҳ муроҷиат кард, ки вақте барои 28 сол маҳрум аз озодиро матраҳ мекунанд, бояд ҳадди ақал ҳамон қонунҳои мавҷударо риоя кунанд”,-илова кард писари бузурги Зайд Саидов.

Хайрулло Саидов гуфт, падараш аз айбдоркунандаҳои давлатӣ ва додгоҳ хостааст, иттиҳоми пешниҳодшударо исбот карда, баъд ҳукм бароранд. Хайрулло гуфт, яке аз суханони падараш дар додгоҳ ин буд, ки “агар маҳкам кардани ман барои давлат ва миллат кумак бикунад, омодаам, ҳатто барои ин миллат бимирам”.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Банда

  • 11 декабр 2013 13:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд акай Зайдуллоҳ озод шавад !!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сад афсус, ки Хукумати Точикистон то ба имруз ягон ракиби сиёсии Чаноби Олиро набахшидаст. Ба хамин хотир хам пешгуии ман чунин аст, ки новобаста ба он ки хеч як гунохи Зайд дар суд исбот нашуд, вале суд хатман Зайдро бо супориши боло махкум мекунад. Инро ман аз тачрибаи истиклолият мегуям.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо ин бародара аз зиндон халос кунаду боз барои ободии чомеамон кушиш кунад хело инкас одами тоза кор аст....Худо рахо кунад ин дусти азиза.
Посух додан
  • модари хакикатбин

  • 11 декабр 2013 15:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Зайд, Шумо аввалу охир нестед, ба монанди Шумо чавонмардони содики ин миллат кам набуданд, ки нобуд шудаанд. Крылови бузург гуфта буд, ки дар назди "зур ва тавоно" нотавон хамеша гунакор аст. Афсус хукуматдорони имруза аз суханхои бузургон бехабаранд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!