Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:22

Фавти сокини 64-солаи Тоҷикистон аз сактаи қалб дар Туркия

11 декабр 2013, 14:01

Ҷасади модари 64-солаи тоҷик, ки дар шаҳри Истанбули Туркия фавтида буд, ба Ватан оварда шуд.

Тибқи иттилои пайвандони марҳум, Р. Очилова, ки муваққатан дар Истанбул ба сар мебурд, гирифтори бемории қалб буда, шоми 9 декабр дар роҳ ба беморхона бар асари сактаи қалб ҷон бохтааст.

Ҷасади марҳум Очилова рӯзи 11 декабр бо кумак ва дастгирии бевоситаи консулгарии Тоҷикистон дар Туркия ва намояндагии Ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” дар фурудгоҳи “Отатурк”-и шаҳри Истанбул ба зодгоҳаш - шаҳри Хуҷанд инқол дода шудааст.

Пайвандони Очилова аз кумаки намояндагии Тоҷикистон дар Истанбул ва Ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” барои интиқоли ройгони ҷасад ба ватан ибрози миннатдорӣ доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ААА

  • 11 декабр 2013 14:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Консулгарии генералии Точикистон дар Истанбул, на дар Туркия. Дар Туркия мо Сафорат дорем. Илхом Абдурахмонов консули генералии Точикистон мебошад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!