Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:44

“Занон ҳуқуқи Раҳматилло Зоировро поймол кардаанд”

12 декабр 2013, 09:55

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ “ҳамла”-и занон ба нишасти хабарии раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистонро мухолифи қонуни озодии баён хондааст.

Раиси НАНСМИТ гуфта, ки Қонуни асосии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд озодии баёнро иҷозат додааст, вале ин маънои онро надорад, ки ҳангоми истифодаи он, ҳуқуқи дигаронро поймол намоӣ. Ба қавли Қаршибоев, занони “ҳамлагар” бо ин амали худ ҳуқуқи озодии баёни Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҲСДТ-ро нақз кардаанд.

Субҳи рӯзи 10 декабр ҳангоме ки Раҳматилло Зоиров баъд аз бозгашт аз сафар ба Украина нишасти матбуотӣ доир менамуд, як гуруҳи 20-нафарӣ вориди дафтари кории ӯ шуда, шӯру мағал бардоштанд. Эътирозгарон дар даъвои худ бештар аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раисиҷумҳури намунавӣ ва мардумӣ ёд карда, мегуфтанд, Зоиров боиси нооромии кишвар ва ҳамчунин омили аслии даргириҳои тобистони соли 2012 дар Бадахшон будааст.

Раҳматилло Зоиров ин эътирози гуруҳе аз занонро кори дасти мақомот дониста ва гуфт, ба зудӣ аз болои онҳо ба Додситонии кулл шикоят хоҳад бурд. Дар ҳоле ки, ба бовари ӯ, бархе аз ин занҳо дар тазоҳуроти зидди раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, дар назди сафорати Амрико дар Душанбе низ иштирок карда, шиор додаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!